Моҳи Рамазон яке аз моҳҳои бандаги ва ибодати Худованд аст. Моҳе аст, ки бандагони Худо ба меҳмонии Худо даъват шудаанд ва сари дастархони Худованд нишастаанд. Дар оёт ва ривоёт ба ин моҳ таваҷҷуҳи вижае шуда аст. Ҳоло ин моҳ аз забони Расули Худо(с):
Пайғамбари Акрам(с) мефармоянд: Моҳи Рамазон, ҳамчун моҳҳои дигар нест, ба хотири подошҳое ки дар он, ду баробар мешавад. Он, моҳи рӯзадори ва ибодат аст, моҳи тавба ва истифғор ва моҳи тиловати Қуръон. Он, моҳе аст, ки дар он, дарҳои биҳишт, гушуда ва дарҳои оташ, бастаанд. Ва моҳе аст, ки аҷалҳо дар он навишта мешаванд ва рӯзиҳо пахш мегарданд.
Ва дар он, шабе аст, ки ҳар фармони ҳикматомезе, дар он муқаддар (ҷудо) мегардад ва меҳмонони хонаи Худо, дар ин моҳ навишта мешаванд. Дар ин моҳ, фариштагон ва руҳул амин ба изни Паврардигорашон, бар мардон ва занони рӯзадор, дар бораи ҳар коре фуруд меоянд. Он шаб то дамидани субҳ, саломат аст.
Ҳар кас дар моҳи Рамазон омурзида нашавад, то соли оянда омурзида нагардад. Пас, ҳамакнун ки дари тавба гушуда аст ва дуо мустаҷоб аст, ба корҳои нек бишитобед, пеш аз онки “шахсе бигуяд: Дареғо бар он кутоҳие, ки дар ҳузури Худо кардам! Ва ман аз масхаракунандагон будам”.
Худоё моро аз бандагони хубат қарор бидеҳ ва қадри ин моҳро бидонем!