Ё Раб зи каромоти ту шарманда шудам ман
Дар маҳзари ту боз сарафканда шудам ман
Ҳарчанд ки шарм аз гунаҳи хеш накардам
Бо ашки надомат зи ту шарманда шудам ман
Туфони гунаҳ рехт ҳама баргу барамро
Чун боғи хазон дидаи пароканда шудам ман
Дардам ҳама ин аст ки ғофил шудам аз ту
Ваз ин ҳама ғафлат зи ту, дармонда шудам ман
Эй онки ба ғайр аз ту маро нест паноҳе
Бар даргаҳи ту боз паноҳанда шудам ман
Ҳаргоҳ ки дилмурда ба ту рӯй намудам
Бо некҳате аз раҳмати ту зинда шудам ман
То афви ту борони муҳаббат ба сарам рехт
Осуда дил аз оташи сузонда шудам ман
Ку он дили поке ки саҳаргоҳ “Вафоӣ”
Фарёд барорад, ки Худо банда шудам ман