Зери назар доштани душман
Расули Худо(с) душманонро яксон намедонист ва ин аз нуқоти муҳимми зиндагии Пайғамбар(с) аст. Баъзе душманоне буданд, ки душманиашон амиқ буд, аммо Пайғамбар(с) агар медид хатари ҷиддие надоранд, коре ба корашон надошт ва нисбат ба онҳо сахтгир набуданд. Баъзе душманон ҳам буданд, ки хатар доштанд, хатари хело ҷиддӣ. Пайғамбар(с) онҳоро сахт назорат мекарданд ва зери назар дошт; мисли Абдуллоҳ ибни Убай. Абдуллоҳ ибни Убай – мунофиқи сарсахт – зидди Пайғамбар(с) тавтеа мекард, лекин Пайғамбар(с) фақат ӯро зери назар дошт, коре ба кори ӯ надоштанд ва то охири умри Пайғамбар(с) ҳам зинда буд. Андаке пеш аз вафоти Пайғамбар(с) Абдуллоҳи Убай аз дунё рафт, аммо Пайғамбар(с) ӯро таҳаммул мекард. Инҳо душманоне буданд, ки аз ноҳияи онҳо ҳукумат ва низоми исломӣ ва ҷомеаи исломӣ ташкил шудаи Пайғамбар(с) мавриди таҳдиди ҷиддӣ воқеъ намешуд. Аммо Пайғамбар(с) бо душманоне, ки аз ноҳияи онҳо хатар вуҷуд дошт, ба шиддат сахтгир буданд. Ҳамон одами меҳрубон, дилраҳм, пургузашт ва бо чашмпуши дастур дод, ки хоинони Бани Қурайзаро – ки чанд сад нафар мешуданд – дар як рӯз ба қатл расонданд ва Бани Назир ва Бани Қайнуқоъро берун ронданд ва Хайбарро фатҳ карданд, чунки инҳо душманони тавтеагар ва хатарноке буданд. Пайғамбар(с) бо онҳо аввали вуруд ба Макка, камоли меҳрубони анҷом дода буданд, аммо инҳо дар муқобили ин меҳрубони, хиёнат карданд ва аз пушт ханҷар заданд мехостанд ва тавтеа ва таҳдид карданд. Пайғамбар(с) Абдуллоҳ ибни Убайро ва яҳуди дохили Мадинаро таҳаммул мекарданд ва қишри паноҳоваранда ба Ӯ ё беозорро таҳаммул мекард. Вақте Маккаро фатҳ кард, чун дигар хатаре аз ноҳияи онҳо набуд, ҳатто амсоли Абӯсуфён ва баъзе аз бузургони дигарро навозиш ҳам кард, аммо ин душмани ғаддор хатарнок ғайри қобили итминонро ба шиддат саркуб карданд.
Муҳаббат ҳатто ба душман
Ислом ва суннати Расули Худо(с) моро ба муҳаббат, мудоро, лутф, чашмпушӣ ва афв нисбат ба душман дастур додааст. Он ки дӯсти мост, аз худи мост. Агар мо муҳаббате ба дӯстон кардем, кори барҷастае накардем. Муҳаббат ба душман аст, ки аз назари ахлоқӣ ва дар дидгоҳи исломӣ арзиш маҳсуб мешавад ва мо бояд ин арзишро зинда кунем.
Намоди душманситезӣ
Шинохти душман маҳсули ҳамаи он шинохтҳо ва комилкунанда ва мукаммили онҳост. Бе он дилу зеҳни мусулмон, махзане беҳисор аст, ки аз дастбурди роҳзан ва хоин ва ғоратгар дар амон нест. Дар худи аъмоли ҳаҷ, рамйи ҷамарот(шайтон сангзадан), намоди душманшиносӣ ва душманситезӣ аст ва Пайғамбари Акрам(с) азони бароатро дар ҳаҷ сар доданд ва оёти бароат -ро аз гулуи мубораки ҳазрати Алӣ(к) дар маросими ҳаҷ тиловат фармуд. Агар Ислом ва уммати Ислом рӯзе аз вуҷуди душманони ҷаррор фориғ гардад ва чунин чизе мумкин шавад, бароат низ бефалсафа хоҳад буд, вале бо вуҷуди душманон ва ситезагариҳои кунунӣ, ғафлат аз душман ва бе муболоти ва бетаваҷҷуҳи ба бароат, хатое бузург ва пурхасорат ва ҷуброн нопазире аст.