Пайғамбари Акрам(с) аввалан худ ҳофиз ва нигаҳдорандаи зобита ва қонун буд ва намегузошт қонун – чи ба воситаи худаш ва чи тавассути дигарон – нақз шавад. Худаш ҳам маҳкуми қавонин буд. Оёти Қуръон ҳам бар ин нукта гувоҳ аст. Бар тибқи ҳамон қавонине, ки мардум бояд амал мекарданд, худи он бузургвор ҳам дақиқан ва ба шиддат амал мекард ва иҷоза намедод тахаллуфе бишавад. Вақте ки дар ҷанги Бани Қурайза мардҳои онҳоро гирифтанд, хоинҳояшрон ба қатл расонданд ва бақияро асир карданд ва амволу сарвати Бани Қурайзаро оварданд, чанд нафар аз уммаҳоти мӯъминин – ки уммулмӯъминин Зайнаб бинти Ҷаҳш, уммулмуъминин Оиша ва уммулмӯъминин Ҳафса ҳастанд – ба Пайғамбар(с) арз карданд: Ё Расулаллоҳ, ин ҳама тилло ва ин ҳама саврат аз яҳуд омад, як миқдор ҳам ба мо бидиҳед. Аммо Пайғамбари Акрам(с) бо ин ки занҳо мавриди алоқааш буданд ва ба онҳо муҳаббат доштанд ва нисбат ба онҳо бисёр хушрафтор буд, ҳозир нашуд ба хостаашон амал кунад, зеро хостаҳои онҳо ғайри қонуни буд. Агар Пайғамбар(с) мехост аз он сарватҳо ба ҳамсарони худ бидиҳад, мусулмонон наҳақ ва на ҳарф надоштанд, лекин эшон ҳозир нашуд. Баъд, ки зиёд исрор карданд, Пайғамбар(с) бо онҳо ҳолати канорагирӣ ба худ гирифт ва як моҳ аз занони худаш дурӣ кард, ки аз эшон чунон дархосте карданд. Баъд оёти шарифаи сураи Аҳзоб нозил шуд:
“يَا نِسَاءَ النَّبِيِّ لَسْتُنَّ كَأَحَدٍ مِّنَ النِّسَاءِ” ,
“يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُل لِّأَزْوَاجِكَ إِن كُنتُنَّ تُرِدْنَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا وَزِينَتَهَا فَتَعَالَيْنَ أُمَتِّعْكُنَّ وَأُسَرِّحْكُنَّ سَرَاحًا جَمِيلًا وَإِن كُنتُنَّ تُرِدْنَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَالدَّارَ الْآخِرَةَ فَإِنَّ اللَّهَ أَعَدَّ لِلْمُحْسِنَاتِ مِنكُنَّ أَجْرًا عَظِيمًا” .
Пайғамбар(с) фармуд: Агар мехоҳед бо ман зиндагӣ кунед, зиндагии зоҳидона аст ва тахаллуфу сарпечӣ аз қонун надошта бошед. Ба монанди фақиртарини мардум бояд зиндги дошта бошед. Ба қонун аввал мо баъд мардум бояд амал кунанд. Ин роҳ ва равиши пешво ва паёмбари Худои мутаол аст. Ин суннати он Набии Мукаррам (с) буд.