naer 001

Мардум даҳ сол бо Ӯ шабу рӯз зиндагӣ карданд ба хонааш рафтанд ва Ӯ ба хонаашон омад, дар масҷид бо ҳам буданд, дар роҳ бо ҳам рафтанд, бо ҳам мусофират карданд, бо ҳам муошират доштанд, бо ҳам гуруснагӣ кашиданд, бо ҳам шодӣ карданд. ... он мардуме ки даҳ сол бо ӯ зиндагӣ карданд, рӯз ба рӯз муҳаббати пайғамбар ва эътиқод ба Ӯ дар дилҳояшон амиқтар шуд. Вақти дар фатҳи Макка, Абусуфён махфиёна ва бо ҳимояти Аббос –амаки пайғамбар- ба урдугоҳи он ҳазрат омад, то амон бигирад, субҳ дид ки паёмбар вузу мегирад ва мардум атрофи Ӯ ҷамъ шудаанд, то қатраҳои оберо ки аз чеҳра ва дасти ҳазрат мечакад, биранд! Гуфт ман Касро ва Қайсар –подшоҳони бузурги дунё- ро дидаам; аммо чунин из затеро дар онҳо надидаам.

Саҳнаи дувум аз зиндагии Пайғамбар(с) рафтори он ҳазрат бо мардум буд. Ҳаргиз хулқу хӯи мардумӣ ва муҳаббат ва рифқ ба мардум ва саъй дар истиқрори адолат дар миёни мардумро фаромуш накард. Монанди худи мардум ва мёни мардум зиндагӣ карданд. Бо онҳо нишасту бархост карданд. Бо ғуломон ва табақоти поини ҷомеа дӯстӣ ва рафоқат доштанд. Бо онҳо якҷо хурок хурданд ва нишаст ва бархост доштанд. Бо онҳо муҳаббат ва мудоро мекарданд. Қудрат Ӯро дигаргун накард. Сарвати Ӯро тағйир надод. Рафтори Ӯ дар даврони сахтӣ ва дар давроне, ки дар осоиш буданд, фарқе накард. Дар ҳама ҳол бо мардум ва аз мардум буд. Дусти ва меҳрубонӣ мекардбо мардум ва адолатро барои мардум ба хуби иҷро мекарданд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст