nabi 011

Хулосаи шахсияти Пайғамбар(с); хулосае аз ахлоқи ҳукуматии он бузургвор метавонем бигӯем, ки дар муқобили васвасаҳои душман ҳушёрӣ, дар муқобили мӯъминин, хоксорӣ; дар муқобили дастури Худо итоати маҳз ва дар муқобили масолеҳи мусулмонон, бетоб барои иқдом ва анҷом. Ин хулосае аз шахсияти он бузургвор аст.

«ما مِن شَیءٍ یُقَرِّبُکُم مِنَ الجَنَّةِ وَ یُباعِدُکُم مِنَ النّارِ اِلاّ وَ قَد نَهَیتُکُم عَنهُ وَ اَمَرتُکُم بِهِ»

Пайғамбари Акрам(с) ҳамаи он чизҳоеро, ки метавонад инсон ва як ҷомеаи инсониро ба саодат бирасонад, баён фармуданд. На фақат баён намуданд, балки худ аввал ба онҳо амал карданд ваонҳоро низ амалӣ ва иҷро карданд. Дар замони Пайғамбар(с) ҳукумати исломӣ ва ҷомеаи исломӣ ташкил шуд, иқтисоди исломӣ амали ва иҷрои шуд, закоти барои Худои мутаол дода шуд. Як кишвар ва низоми исломӣ амалан анҷом шуд. Муҳандиси ва сохтори ин низом ва роҳбари ин ҳукумат дар хатти сироти мустақим Набии Мукаррами Ислом(с) ва он касе, ки ба ҷои Ӯ менишинад, аст.

Сабр ва таҳаммули сахтиҳо

Солҳо талхӣ ва мусибатборе буд. Дар инҷо буд, ки Пайғамбар(с) бо ёрони мухлиси худ, сездаҳ сол ҳамаи сахтиҳоро ба ҷон хариданд ва талхиҳоро таҳаммул карданд, то ниҳоли Ислом решааш мустаҳкам гардад. Дар инҷо буд, ки пас аз солҳои мусибатбори зиндагӣ дар шиъби Абитолиб, пас аз шиканҷаи ёронаш чун Билолу Аммор ва Ёсиру Сумая ва Абдуллоҳ ибни Масъуд (алайҳи раҳмаҳ) ва дигарон пас аз роҳпаймоии тулонӣ ва пурмашаққат ва беҳосили Расули Худо(с) дар миёни қабоили Макка ва Тоиф, байъати ақаба бо аҳли Ясриб(Мадина) воқеъ шуд ва ҳиҷрати пурбаракат ба Мадинатуррасул пеш гирифтанд ва ҳукумати Илоҳӣ ташкил шуд.

Қудрати ҷомеаи исломӣ натиҷаи истодагии Пайғамбар(с)

... таҳдидҳои фаровон аз ҳама тараф Пайғамбар(с)-ро муҳосира карда буданд. Баъзе аз мардум нигарон мешуданд, баъзе мутазалзил мешуданд, баъзе ғур-ғур мекарданд, баъзе Пайғамбар(с)-ро ба мулоимат ва созиш ташвиқ мекарданд, аммо Пайғамбар(с) дар ин саҳнаи даъват ба яктопарастӣ, як лаҳза дучори сустӣ нашуданд ва бо қудрат ҷомеаи исломиро пеш бурданд, то ба авҷи иззат ва қудрат расонд. Ҳамон низому ҷомеа буд, ки ба баракати истодагии Пайғамбар(с) дар майдонҳои набарди фарҳангӣ ва даъват дар солҳои баъд тавонист ба қудрати аввали дунё табдил шавад.

Эҷоди назм дар ҷомеа       

Мудирияти иҷтимоӣ дар як ҷомеаи бадавӣ; Мудирият ва роҳбарии иҷтимоӣ ва низоми Ӯ дар ҳадди аъло ва бенуқсон буд ва ҳама кор бо ҷиддият дунбол мекарданд. Албатта ҷомеа, ҷомеаи хурде буд; Мадина буду атрофи Мадина ва баъд ҳам Макка ва яке ду шаҳри дигар, аммо ба кори мардум аҳамияти хоссе доданд ва муназзам ва мараттаб буданд. Дар он ҷомеаи бадавӣ мудирият ва дафтару ҳисоб ва ташвиқу танбеҳро дар миёни мардум ҷорӣ карданд. Ин ҳам зиндаги ва муоширати Пайғамбар(с) буд, ки бояд барои ҳамаи мо намуна ва улгу мебошад.

Саъй ва талош дар эҷоди адолат дар миёни мардум

Адолат на дар шиор, балки дар амал доштанд. Худ ба ин асл имон доштанд ва амал мекарданд.

Як асли дигар дар ҳукумати исломӣ иборат аз барподоштан ва риояти адл дар байни инсонҳо аст. Хусусияти ҷоҳилият, низоми золимона буд. Ситамгарӣ дар он замон урфи роиҷ ва маъмули буд... Ислом нуқтаи муқобили он ва барподоштан адлро овард ва илзоми намуд; إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ وَالْإِحْسَانِ . Ин яке аз хусусиёти ҷомеаи исломӣ аст ва дигар ҷомеаҳо инро надоранд ва ба дуруғ шиор медиҳанд. Адл фақат ҳам шиор нест. Ҷомеаи исломӣ бояд дунболи адолат биравад ва агар адолат нест, онро таъмин кунад. Агар дар дунё ду нуқта вуҷуд дорад, ки яке нуқтаи адл ва яке нуқтаи зулм аст ва ҳар ду ҳам ғайри исломианд, Ислом ба он нуқтаи адл ҳарчанд ғайри исломӣ аст, таваҷҷӯҳи мувофиқ дорад. Пайғамбари Акрам(с) худаш муҳоҷиринро ба Ҳабаша фиристоданд. Яъне онҳоро дар паноҳи як подшоҳи мушрик ба хотири адл қарор дод. Ба таъбири дигар мардумро аз маҳалли зиндагӣ ва муҳити зисташон ба хотири зулме, ки ба онҳо мешуд, дур карданд. Ин ҳам як нуқтаи қобили таваҷҷуҳ аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст