Mabas1

Пайғамбари Худо(с) наёмаданд, ҷуз ин ки бо амри Худои Мутаол мардум Ӯро итоат кунанд. “إِلَّا لِيُطَاعَ بِإِذْنِ اللَّهِ”. Пайғамбар(с) наёмад, ки ба унвони як масъалагӯ бинишинад ва чаҳорто масъала бигӯяд. Иддае гӯш кунанд ва иддае ҳам гӯш накунанд. Дар роҳи мустаҳкамкардани ҳамин амри Илоҳӣ корҳои сахт ва тоқатфарсо ҳам анҷом доданд.

Пайғамбар вақте ворид шуд, ба унвони ҳоким ворид шуд, бо ин ки мардум Ӯро барои ҳокимият даъват накарда буданд, балки даъват карда буданд то дини Ӯро бипазиранд. Пуштивонаи ҳукумате, ки Пайғамбар(с) аз мардум мехостанд, муҳаббат ва ақида ва имон аст. Чунин ҳукумате болотарин ва қудратмандтарин ҳукуматҳост. Пайғамбар(с) ба иттикои қудрати Илоҳои ва дастгирии мардумон ҳисори амниятро даври Мадина ба вуҷуд овард. Медонед, ки он рӯзҳо одамкушӣ ва ғорат кардан барои қабоили араб ҷузви корҳои осон буд. Пайғамбар аз соли аввал барои эҷоди як ҳукумат намуна шуруъ ба сохторсозии он карданд. Аввал саррияҳо баъд ҳам ғазавот. Маломат кард касонеро, ки нисбат ба ин ҳаракат, аз худ бетафовутӣ ё тарс нишон доданд;

أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ قِيلَ لَهُمْ كُفُّوا أَيْدِيَكُمْ وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ فَلَمَّا كُتِبَ عَلَيْهِمُ الْقِتَالُ

Рӯзе ба инҳо гуфтаанд, ки шумо даст аз по хато накунед. Дар куҷо? Дар Макка. Он рӯз, рӯзи “كُفُّوا أَيْدِيَكُمْ” буд, аммо имрӯз, ки ба Мадина омадед ва ҳукумат ташкил шуд, рӯзе аст, ки бояд ҳамаи неруҳои шумо, аз ҷумла қудрати бозуи шумо, қудрати набард ва фидокориҳои шумо барои қудрати ҳокимияти Ислом ба кор биафтад. Ҳокимияти Ислом ҷузви маорифи олии Исломӣ буд барои он ҳазрати ва пайравонаш ҳадафи ниҳоияшон буд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст