Вафои ба аҳду паймон ҳатто бо яҳуд
Аз дигар хулқиёти ҳукуматии Ӯ ин буд, ки аҳд нигаҳдор буданд. Ҳеҷ вақт аҳдшиканӣ накард. Қурайш бо Ӯ аҳдшиканӣ карданд, аммо Ӯ ин кори бадро накард. Яҳудиён борҳо аҳдшиканӣ карданд, аммо он ҳазрат бар аҳду паймонаш ҳамеша боқи буданд.
Дар ҳеҷ як аз ин қазияҳо Пайғамбар(с) нақзи аҳд накарданд. Ҳатто душманони Ислом ҳам инро қабул доранд, ки Пайғамбар(с) дар ин қазияҳо ҳеҷ нақзи аҳде накард, балки онҳо буданд, ки аҳдшикани карданд. Ба ин хотир ҳама медонистанд, ки вақте бо ин шахсияти бузург қарордод бастанд, ба қарордоди Ӯ мешавад эътимод кард.