Талоши бевақфа аз аввалин лаҳзаҳои беъсати Паёмбари Акрам (с) шуруъ шуда буд. Ин махлуқи беназири Илоҳӣ ва ин инсони комил, ки қабл аз нузули ваҳйи Илоҳӣ ба марҳала аз камол расида аст, аз аввалин лаҳзаи беъсат як кори бисёр мурккабб ва ҳамаҷонибаи душворро оғоз карданд ва бисту се сол дар ниҳояти душворӣ ин талош ва ҷиҳодро пеш бурданд. Зиндагӣ ва тарбияти мардуме, ки аз ҳақиқат ҳеҷ дарке надоштанд ва ҷиҳод бо он фазои зулмонии мутлақ буд. ...сафҳаи зулмони таърих, саросари зиндагии башарро фаро гирифта буд. Муҷоҳидат бо ин қудрати азим ва талоши бевақфа ва ғайри қобили тасаввур аз аввалин соатҳои беъсат ва тоқат ва таҳаммули ваҳйи Илоҳӣ барои Пайғамбар(с) оғоз шуд. Ваҳйи Илоҳӣ ҳам пайваста мисли оби зулоле, ки ба сарзамин омодае бирасад, бар қалби поки он бузургвор фуруд меомад ва Ӯро неру мебахшид. Ӯ ҳамаи тавони худро ба кор бурданд, то ин ки битавонанд инсонҳои ин дунёро дар остонаи дигаргуни ва таҳаввули бузургтарни қарор диҳад ва муваффақ ва пирӯз шуданд.