Суст нашудан он ҳазрат дар саҳнаи ҷиҳод
Кори муҳимми Пайғамбари Худо(с) даъват ба ҳақ ва ҳақиқат ва ҷиҳод дар роҳи ин даъват буд. Дар муқобили дунёи зулмонии замони худ Пайғамбари Акрам(с) дучори ташвиш нашуд. Чи он рӯзе, ки дар Макка танҳо буд ё ҷамъи каме аз муслимин ӯро иҳота карда буданд ва дар муқолибаш сарони мутакаббири араб ва раисони Қурайшу гарданкашон бо ахлоқҳои хашин ва бо дастҳои қудратманд қарор гирифта буданд ва ё умуми мардуме, ки аз маърифат насибе набурда буданд, ваҳшат накарданд. Сухани ҳаққи худро гуфтанд, такрору табйин ва иҳонатҳоро таҳаммул кард, сахтиҳо ва ранҷҳоро ба ҷон хариданд, то тавонист ҷамъи касиреро мусулмон ва муваҳид кунанд. Пайғамбар(с) дар ин саҳнаи даъват ва ҷиҳод як лаҳза дучори сустӣ нашуданд ва бо қудрат ҷомеаи исломиро пеш бурд, то ба авҷи иззат ва қудрат расониданд ва маъмурияти худро комил намуданд.