Nabi 007

Онҷо, ки ҳама бетоб мешуданд Ӯ хештандор буд

Вожаи “бурдбор” дар луғат ба маънои: Ором, боҳавсала, пуршакибо, ҳалим, хештандор, шакибо, собир, сабур, мутаҳамил низ омадааст.

Бурдобори ва сабр аз суннатҳои он Паёмбари(с) буд. Пайравони Ӯ бояд худро бо ин сифат зиннат диҳанд ва аз Ӯ дар ин сиффат ҳам пайрави кунанд.

Бурдобории Ӯ ба андозае буд, ки чизҳое, ки дигарон аз шуниданаш бетоб мешуданд, дар он бузургвор бетобӣ ба вуҷуд намеовард балки хештандор ва шакибо буданд. Гоҳе душманони он бузургвор дар Макка рафторҳое бо Ӯ мекарданд, ки вақте ҷаноби Абитолиб як мавридро шунид, ба қадре хашмгин шуд, ки шамшерашро кашид ва бо хидматкори худ ба онҷо рафт ва ҳамон ҷасоратеро, ки онҳо бо Пайғамбар(с) карда буданд, бо якоякашон анҷом дод ва гуфт: ҳар кадом эътироз кунед, гарданатонро мезанам, аммо Пайғамбар(с) ҳамин манзараро бо бурдборӣ ва ороми ва сабурӣ таҳаммул карда буданд. Дар як мавриди дигар бо Абуҷаҳл гуфтугӯ шуд ва Абуҷаҳл беэҳтиромии шадиде ба ҳазрати Пайғамбар(с) кард, аммо он ҳазрат сукут пеша карданд ва бурдборӣ нишон дод. Як нафар рафт ба Ҳамза амуи Паёмбар хабар дод, ки Абуҷаҳл интаврӣ бо бародарзодаи ту рафтор кард. Ҳамза бетоб шуд ва рафт бо чуби камон бар сари Абуҷаҳл ончунон сари ӯ заданд, ки сарашро хунин кард. Баъд ҳам омаду таҳти таъсири ин ҳодиса Ислом овард. Баъд аз Ислом гоҳе мусулмонон сари қазияе аз рӯи ғафлат ва ё ҷаҳолат, ҷумлаи иҳонатомезе ба Пайғамбар(с) мегуфтанд. Ҳатто як вақт як нафар аз ҳамсарони Пайғамбар(с) –ҷаноби Зайнаб бинти Ҷаҳш, ки яке аз модарони мӯъминин аст– ба Пайғамбар(с) арз кард, ки ту пайғамбарӣ, аммо адолат намекунӣ! Пайғамбар(с) лабханде заду сукут карданд. Ӯ хостаҳои зиёди занонае дошт, ки Пайғамбар(с) онро бароварда накарда буд. ... гоҳе баъзе афрод ба масҷид меомаданду поҳои худашонро дароз мекарданд ва ба Пайғамбар(с) мегуфтанд нохунҳои моро бигир! –чун нохун гирифтан ворид шуда буд– Пайғамбар(с) ҳам бо бурдбории тамом ин ҷасорат ва беадабиро таҳаммул мекард ва нороҳат намешуданд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст