Мунзабит ва мураттаб
Назифу мураттаб аз даврони кӯдакӣ; Пайғамбар(с) аз даврони кӯдакӣ назиф буданд. Бар хилофи бачаҳо ва ҳамсинусолҳои худашон дар шаҳри Макка ва дигар қабилаҳои араб назиф, тамиз ва мураттаб буданд. Дар даврони навҷавонӣ баъд аз Ислом дар давроне, ки аз ҷавонӣ ҳам гузашта буд ва мард солхурдае буд – панҷоҳ-шаст сол синни Ӯ буд – комилан муқайяд ба назофат ва тамизи буданд. Гесувони азизаш, ки то баногӯшаш мерасид, тамиз ва риши зебояш тамиз ва муаттар буд. Дар ривояте дидам, ки дар хонаи худ хуми обе дошт, ки чеҳраи муборакашро дар он медиданд. Чун он замон оина набуд.
«کانَ یُسَوّیِ عَمامَتَهُ وَ لِحیَتَهُ اِذا اَرادَ اَن یَخرُجَ اِلی اَصحابِهِ» ; Вақте мехост назди мусулмонон ва рафиқон ва дӯстонаш биравад, ҳатман салла ва риш мураттабу тамиз мекард, баъд берун мерафт. Ҳамеша бо атр худро муаттар ва хушбӯ мекард. Дар сафарҳо бо вуҷуди зиндагии зоҳидона –ки зиндагии Пайғамбар(с) хеле зоҳидона буд – бо худашон шона ва атр мебурданд. Ҳар рӯз чанд бор мисвок мекард. Дигаронро ҳам ба ҳамин назофат, мисвок ва зоҳири мураттаб дастур медод.
Аҳамият додан ба вазъи зоҳир
Дар Ислом ба масъалаи зебоӣ аҳамият дода шуда аст. Зиёд шунидаем, ки: إنَّ اللهَ جَمِیلٌ وَ یُحِبُّ الجَمالَ» »; Худои мутаол зебост ва зебоиро дӯст дорад. Дар хусуси расидан ба сару вазъ, ривоёти зиёде дар китобҳои ҳадисӣ омада аст. Дар китоби “Никоҳ” муфассал баҳс мешавад, ки марду зан бояд ба худашон бирасанд. Баъзе хаёл мекунанд, ки масалан мардон бояд мӯи сарашонро битарошанд; не, дар шаръ барои ҷавонон мустаҳаб аст, ки мӯи сар бигузоранд. Дар ривоят ҳаст, ки «اَلشَّعرُ الحَسَن مِن کَرامَةِ اللهِ فَأَکرِمُوهُ» мӯи зебо ҷузви кароматҳои Илоҳӣ аст пас онро гиромӣ бидоред. Ё масалан ривоят дорем, ки Пайғамбари Акрам(с) вақте мехост назди дӯстонашон бираванд ба зарфи об нигоҳ мекарданд ва сару вазъи худро мураттаб мекарданд. Он замон, ки оина ба ин шакле, ки ҳоло ҳаст ва фаровон ҳам ҳаст набуд; ҷомеаи Мадина ҳам ки фақир буд. Пайғамбар(с) зарфи обе доштанд, ки вақте мехостанд назди дӯстонашон бираванд, аз он ба ҷои оина истифода мекарданд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки сару вазъи мураттаб, либоси хубу майл ба зебоӣ, амри хуб ва писандидае дар Ислом аст. Аммо он чизе, ки бад аст ва зарар дорад он аст, ки ин василае барои фитнаву фасод ва фахрфуруши шавад.
Назофату таҳорат
Дурахшонтар аз Ӯ дида нашудааст; Ӯ либоси сода мепушид. Ҳар хуроке, ки дар муқобили Ӯ буд ва фароҳам мешуд мехӯрд. Хуроки хоссе намехост ва хурокеро ба унвони номатлуб рад намекард. Дар таърихи башарият ин хулқиёти беназир аст. Дар айни мушоират дар авҷи назофат ва таҳорати зоҳирӣ ва маънавӣ буд, ки Абдуллоҳ ибни Умар гуфт:
«ما رَأَیتُ اَحَداً اَجوَدَ وَ لا اَنجَدَ وَ لا اَشجَعَ وَ لا اَوضَأَ مِن رَسُولِ الله»
Аз Ӯ бахшандатар ва ёрикунандатар ва шуҷоътар ва дурахшонтар касеро надидам.
Содагӣ дар либос
Дарси инзибот ва назм; Дар ривоят омадааст, ки ришашро шона мезад. Чаро? Чаро ин қадар ривоят дорад, ки мӯи сару ришатонро мураттаб кунед ва шона бизанед? Ривоят дорад, ки Пайғамбар(с) саллаа мебаст ва бахше аз онро ҳам меовехт. Аҳамияти инҳо дар чист? Аҳамияташ онҷост, ки дарси инзибот ва мураттаб буданро ба мо ёд медиҳад.
Зоҳири мураттаб нишонаи ашрофигарӣ нест
Нагуфтанд, ки шумо либоси фохир(шоҳӣ) бипушед – аслан лозим нест либоси фохир бипушед – балки баръакс, ҳарчи битавонед либосро хокитар ва содатар бипушед беҳтар аст, аммо ҳамон либоси хокӣ тоза бошад ва ғажд ва чиркин набошад. Муназзам ва мураттаб бошад ва тукмаҳояш канда ё боз набошад. Мурод аз инзибот ва оростагии зоҳирӣ инҳо аст.
Хатогии бузурги баъзеҳо ин аст, ки хиёл мекунанд зоҳири мураттаб бояд бо ашрофигарӣ ва бо исроф ҳамроҳ бошад; На! Бо либоси поргӣ ва куҳна ҳам мешавад муназзам ва тамиз буд. Либоси Пайғамбар(с) васлазада ва поргишуда ва куҳна буд, аммо тамиз ва покиза ва сару рӯяш тамиз ороста буд. Инҳо дар муошират, дар рафторҳо, дар вазъи хориҷӣ ва дар беҳдошт бисёр таъсиргузор аст. Ин чизҳои ба зоҳир кӯчак дар ботин бисёр таъсиргузор аст.