Nabi 003

Розу ниёзи доимии Пайғамбар(с)

Пайғамбари Акрам(с) бо он қудрати малакутӣ доим бо Худои Мутаол дар ҳоли таваҷҷӯҳ ва розу ниёз буданд.

Дуо силоҳи мӯъмин

Аз Набии Мукаррам(с) нақл шуда аст, ки фармуд:

«أَلا اَدُلُّکُم عَلی سِلاحٍ یُنجِیکُم مِن اَعدائِکُم»

(Дар рӯёрӯӣ бо ҳаводис, таваҷҷӯҳ ба Худои Мутаол, мисли силоҳи буррандае дар дасти инсони мӯъмин аст). Ба ин хотир дар майдони ҷанг Пайғамбари Акрам(с) ҳамаи корҳои лозимро анҷом медоданд; сипоҳро меорост, сарбозонро дар саф друст мекарданд, имконоти лозимро ба онҳо медоданд, тавсияҳои лозимро ба онҳо менамуданд, ишрофи фармондеҳии худашро эъмол мекард, аммо дар ҳамон вақт ҳам миёни майдон зону мезад, даст ба дуо баланд мекард, тазарруъ мекард, бо Худои Мутаол ҳарф мезад ва тавакал ба Ӯ менамуданд ва аз Ӯ [кӯмаку пирӯзӣ] мехост.

Такя ба Худо

Ман ба худии худ нотавонам; Пайғамбари бузурги мо дар ҳангомаҳои сахт, мулоҳиза намекарданд, ки тазарруи Ӯ пеши Худои Мутаол ва кӯмак хостани Ӯ аз Худои Мутаол мумкин аст дар зеҳни мухотабон ва шоҳидон ва нозирон ин таъсирро бигузорад, ки Ӯ ба худии худ нотавон аст. Ошкоро мегуфт: Ман ба худии худ нотавонам ва бе кӯмаки Худои Мутаол аз ман коре барнамеояд. Дар ҷанги Аҳзоб, дар ҳоле ки ҳамаи душманон аз атрофи Мадина Пайғамбар(с) ва гурӯҳи мӯъминро муҳосира карда буданд, бо ин ният, ки Ислому Қуръон ва паёми навро ба куллӣ аз реша бикананд, ва нобуд кунанд. Пайғамбари Акрам(с) дар канори ороиши низомӣ ва тадбирҳои бисёр ҳушмандонае, ки дар онҷо ба кор бурданд, дар канори ташвиқи мардум бар муқовимат, дар муқобили чашми мардум бар замин зону гузошт. Борҳо ин кор такрор шуд, ки дар китобҳои сира омадааст. Пайғамбар(с) дастони муборакашонро баланд намуданд ва тазарруъ мекарданду ашк мерехтанд ва мегуфтанд: Парвардигоро, бар мо кӯмак кун ва нусрататро бар мо бирасон ва бар мо тавфиқ бидеҳ.

Ӯ аз ғайри Худои Мутаол ҳеҷгоҳ натарсидан

Рози аслии убудияти Пайғамбар(с); Худои Мутаол дар ҳамаи саҳнаҳо ба ёди Пайғамбар(с) буд ва Расули Худо(с) дар ҳамаи саҳнаҳо аз Худои Қодир талаби кумк карданд, аз Худо хостанд ва аз ғайри Худои Ягона натарсид ва наҳаросиданд. Рози аслии убудияти Пайғамбар(с) дар муқобили Худо ин аст, ки ҳеҷ қудратеро дар муқобили Худои Қодир ба ҳисоб наёварданд, аз ӯ воҳима накардан, роҳи Худоро ба хотири дигарон қатъ накардан. Ҷомеаи мо бо дарс гирифтан аз ин ахлоқи набавӣ бояд ба як ҷомеаи улгу ва намуна табдил шавад. Ҳар ҷомеае, ки аз ин улгу ва намунаи дуруст ва саҳед пайрави кунад, ҳатман кумакҳои Илоҳӣ шомили ҳолашон мешавад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст