Нузули раҳмати Илоҳӣ бар башар
Таваллуди раҳмат; ин вилодати бузург, таваллуди бартарин намунаҳои раҳмати Илоҳӣ бар башарият буд, чун вуҷуди он бузургвор ва ирсоли ин Пайғамбари бузурги раҳмати Ҳақ Таоло бар бандагон буд. Ин таваллуд, таваллуди раҳмат аст. Дунёи Ислом бояд ин нуктаро дарк кунад, ки ин раҳмат як раҳмат қатъшуданӣ нест, балки ин раҳмати доимӣ ва то рӯзи Қиёмат идома дорад.
Шурӯи як мақтаъи таъинкунанда
Худои Мутаол бузургтарин захираҳои Илоҳиро, ки вуҷуди муқаддаси Пайғамбари Гиромӣ(с) буд, ба арсаи вуҷуд овард. Ин шурӯи як мақтаъи таъинкунанда дар сарнавишти башар буд. Дар нишонаҳои вилодати Пайғамбар(с) гуфтаанд: Вақте он бузургвор мутаваллид шуд кунграҳои кохи Касро вайрон гардид, оташкадаи Озаргуштасб, ки қарнҳо равшан буд, ба хомушӣ абади гароид, дарёчаи Сова, ки дар назари иддае аз мардуми он вақт, муқаддас шумурда мешуд, хушк шуд ва бутҳое, ки гирди Каъба овехта буданд, афтода ва шикаста шуданд.
Тазалзул дар нишонаҳои ширк ва бутпарастӣ
Қудратнамоии илоҳӣ; ин ки дар осор ва таворих ҳаст, ки кунграи кохи Касро шикаст ва нишонаҳои бутпарастӣ ва ширк дар гӯша ва канори дунё мутазалзил шуд – агар ин осор қотеият дошта бошад – шояд ҳамон қудратнамоии илоҳӣ барои эъломи рамзи ҳузури ин қудрате аст, ки қарор аст ҳамаи пояҳои зулму фасодро дар ҳам бишканад ва илмро аз хурофа ва тамаддунро аз фасоду зулм поку ороста кунад.
Барчида шудани бисоти зиллати башар
Ин нишонаҳо, ки комилан рамзӣ ва намодин аст, нишондиҳандаи ҷиҳати ирода ва суннати Илоҳӣ дар пушондани хилъати вуҷуд ба ин мавҷуди азим ва ин шахсияти воло ва беназир аст. Маънои ин ҳаводиси равшани таърихи ин аст, ки бо ин қудуми муборакашон, решаи зиллат ва хории башар чи ба василаи ҳокимияти ҷабборон ва ҳокимони золим ба вуҷуд омада буд, бояд барчида шавад. Башар бояд ба дасти ин мавлуди муборак аз қайди ҳамагуна ситаме, ки ба василаи ҳокимони золим бар инсонҳои мазлум ва бепаноҳ дар тули таърих таҳмил ва бор шуда аст ва ҳам аз қайди хурофаҳо ва эътиқодоти нодурусти зиллатофарин озод шавад. Лизо ояти Қуръон дар боби фиристодашудани Набии Акрам(с) мефармояд:
“هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَىٰ وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ شَهِيدًا”
“Ӯ касе аст, ки расулашро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод то онро бар ҳамаи адён пирӯз кунад. Ва кофӣ аст, ки Худо гувоҳи ин мавзӯъ бошад.”(Сураи Фатҳ, ояти 28.)
“لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ”
(...то онро бар ҳамаи адён пирӯз кунад..)
Дар ин қисмат аз оят Худои Мутаол замон ва макони махсусеро дар назар нагирифтааст, балки нишон медиҳад, ки пирӯзи бар зулм ва динҳои хурофотӣ як суннати Илоҳии ҳамешаги аст, ки то ҳол идома дорад. Башарият баъд аз ин ҳодисаи рисолати Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва олиҳ) , бояд ба самти озодии маънавӣ, иҷтимоӣ, ҳақиқӣ ва ақлонӣ ҳаракат кунад. Ин кор шуруъ шуд ва идомааш ба дасти худи мо инсонҳост. Ин ҳам як суннати дигар дар олами офариниш аст.