Пайғамбар(с) чун мехост ба маҷлисе ворид шавад ва бо мардум мулоқот кунад, ба оростагӣ зоҳири хеш таваҷҷуҳ бисёре мекард, дар оина менигарист, мӯйҳо ва маҳосини муборакашро шона мезад, либоси тамиз ва мураттаб мепӯшид ва чунон хешро муаттар месохт, ки аз масофати дӯр, бӯи хуши атр он ҳазрат ба машом мерасид.
Яке аз ёрони Пайғамбар(с) мегуфт: «Пеш аз инки ҳазрат ба масҷид ворид шавад, мо хабардор мешудем, зеро бӯи атраш мепечид ва моро мутаваҷҷеҳ вурудаш месохт.»
Маҳбубтарин атрҳо назди он ҳазрат(с) мушк буд. Мушкдоне дошт, ки пас аз ҳар вузӯ билофосила онро ба даст мегирифт ва худро муаттар месохт, дар натиҷа чун хонаро тарк мекард, бӯи хуши он дар он роҳе ки мерафт мунташир мешуд.
Аз ҳазрати Содиқ(а) нақл аст харҷе, ки он ҳазрат(с) барои таҳияи атр мепардохт, беш аз он миқдоре буд, ки барои таҳияи хӯрок сарф мекард.
Ба таври кулли он ҳазрат(с) бӯи хушро дӯст медошт ва аз буҳои бад мутанаффир буд.
Дар ривояте ба ҳазрати Алӣ(к) фармуд: «Ё Алӣ! Ҷумъаҳо худро хушбу кун, зеро ин суннати ман аст ва то замоне, ки бӯи он аз ту намоён бошад, бароият ҳасана менависанд.»
Ҳазрати Содиқ (а) дар ривояти дигаре фармуд: Он ҳазрат(с) мӯҳои хешро чандон баланд наменамуд, ки мӯҳтоҷ ба фарқ боз кардан бошад, ҷуз дар як маврид ва он ҳангоме буд, ки куффори Қурайш аз ворид шудани он ҳазрат(с) ба Макка мумониат карданд, чун ҳазрат эҳром баста буд ва намехост тақсир кунад, то соли баъд, ки ҳаҷ ба ҷой оварад ҳамчунон мӯи худро боқи гузорд ва дар ин даврон фарқи хешро аз миёнаи муҳо боз менамуд.
Худи он ҳазрат(с) фармуд: «Худованд дӯст дорад ҳаргоҳ бандааш мехоҳад ба дидори бародаронаш башитобад, худро омода намояд ва ба ҷамол биорояд».
Ба оростагии мӯҳо сипориш мекард ва мефармуд: «Сар ва симои хешро ислоҳ кунед, касе аз шумо шориб(брути) хешро баланд накунад, зеро шориби баланд паноҳгоҳи Шайтон (микроб) хоҳад буд. Гирифтани шориб ончунон ки лаб ошкор шавад суннат аст. Касе, ки мӯ дорад, ё онро кӯтоҳ кунад ва ё ба хубӣ сомон диҳад. Шона задан мустаҳаб аст ва барои ҳар намоз –воҷиб ё мустаҳаб- подош дорад.»
Пайғамбар(с) ба марде нигоҳ кард, ки маҳосини баланде дошт, фармуд: «Чӣ мешуд агар маҳосинашро ислоҳ мекард?» Хабар ба он мард расид. Маҳосиншро ислоҳ кард, ки на баланд буд ва на кӯтоҳ. Сипас ба ба дидор он ҳазрат(с) омад. Пайғамбар(с) бо диданаш бо ёрон фармуд: «Ин гуна ислоҳ кунед.»
Мефармуд: «Либосҳои худро бишуед, мӯҳои худро кӯтоҳ кунед, мисвок бизанед, ороста ва покиза бошед, зеро яҳудиён чунин накарданд ва ҳамсаронашон бадкора шуданд.» Аз мардон мехост то нохунҳояшонро кӯтоҳ кунанд ва аз занон мехост то нохунҳояшонро баланд намоянд ва онро зинат ва ороиш медонист.
Ба бонувон иҷоза дода буд то мӯи сари хешро ранг бизананд ва дастон худро хизоб(ҳане) кунанд то дастонашон монанд дасти мардон набошад ва назди шавҳарони худ ороста бошанд.
Расули Худо(с) дар тафсири зинат дар ояти «خذو زينتکم عن کل مسجد» фармуд: Мурод шона аст. Шона задан рӯзиро фаровон мекунад, мӯро некӯ месозад, ҳоҷатро раво мекунад, неруи мардонагиро тақвият менамояд, балғамро бартараф мекунад ва бар ҳуши инсон меафзояд.