Ҳалқаи васли дунёи моддӣ бо маъдани ғайб
Сарчашмаи беъсат, ки .... дар қалби муқаддаси Набии Акрам(с) ҷушид ва ҷорӣ шуд, масири муҳимме дорад. Масъала ба ҳамин ҷо хатм намешавад, ки аз тарафи Парвардигор ҳақиқат ва нуре дар қалби як инсони мумтоз, барҷаста ва истисноӣ дурахшид. Ин қадами аввал ва аввали кор аст. Албатта муҳимтарин бахши қазия ҳам ҳамин аст. Дурахшидани ин нур дар қалби муқаддасу мубораки Паёмбар(с) ва таҳаммули масъулияти ваҳй аз тарафи он бузургвор ҳамон қисмате аст, ки ошкоро олами хилқати вуҷуди инсон ва дунёи моддиро ба маъдани ғайб васл мекунад. Ҳалқаи васл инҷост. Агарчи ҳамеша баракоти Илоҳӣ дар тули ин раванде, ки хоҳем гуфт, нисбат ба башар ва нисбат ба ин роҳ вуҷуд дорад, лекин ҳалқаи васл дар ҳамон лаҳзаи беъсат аст, ки аз олами ғайб, сарчашмаи ҳақоиқи Илоҳӣ ва сарчашмаи беъсат – ки худи ин як калима кофӣ аст – ба рӯҳи муқаддаси Пайғамбар(с) сарозер ва ҷорӣ мешавад ва бар қалби муқаддаси Пайғамбар(с) меҷушад. Пас қадами аввал таҳаққуқ ва ба вуҷуд омадани ин беъсат аст.