Насаб: Аз сулолаи пайғамбарон
Дини ҳаниф дар Макка
Пеш аз беъсати Пайғамбар(с) мӯъминоне дар Макка буданд...; ҳамон касоне, ки дини ҳаниф доштанд. Падарон ва аҷдоди Пайғамбар(с) мӯъмин буданд.
Эшон аз насли беҳтарин ақвом буданд.
Таваллуд дар хонаводаи маъруф ва машҳур.
Пайғамбар дар як хонаводи бузург ва маъруф бо асл ва решадор ба дунё омаданд. Албатта худи Пайғамбар(с) дар даврони кудакӣ ва навҷавонӣ бо фақр зиндагӣ карданд, ки ин як амри Илоҳи буд, ва ҳикматҳои дошт. вагарна бани Ҳошим ҷузви шохаҳои муътабар ва раисони Қурайш ва хонаводаҳои ғани буданд. Медонем, ки амакиҳои Пайғамбар(с) чи касоне буданд ва чи эҳтироме доштанд. Худи ҷаноби Ҳамза сайду шуҳадо ё Абӯлаҳаб ё дигарон ҷузви хонаводаҳои бошахсият маҳсуб мешуданд. Дар чунин хонаводае Расули Худо(с) мутаваллид шуд.