nur Nabi

Пайғамбар(с) чароғи нурбахш буданд. Чароғи равшан чи бихоҳад ва чи нахоҳад, вуҷудаш ҳар ҷо ҳаст, он муҳит мунаввар ва нуронӣ мешавад. Худо Пайғамбарро ба чароғе ташбеҳ кардааст. На чароғи хомӯш, балки чароғи равшан ва мунир, ки ҳаргиз хомӯш намешавад. Ҳама ҷо ҳаст, фазои зиндагии Пайғамбар(с) ва он муҳит мунаввар аст. Бо ахлоқ, рафтор, амал, муомила, дониш ва ҳикматаш фазоро мунаввар мекарданд. Чи ба касе дарс медоданд ва чи дарс намедоданд. Нури Илоҳии Пайғамбар(с) фақат он вақте набуд,

ки ба масҷид мерафтанд ва мардумро мавъиза мекарданд, балки он вақте ҳам, ки дар хонаашон нишаста буданд ё ҳарф намезаданд ё дар куча роҳ мерафтанд ё дар майдони ҷанг буданд, дар тамоми ин авзоъ ва аҳвол, вуҷуди Пайғамбар(с) нур медоданд, мунаввар ва нурбахш буданд, чун тамоми ҳаракот ва саканот ва алфозу гуфтораш ҳама дар хидмати Худо ва дар роҳи Худояш буданд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст