... Рӯзи бисту ҳаштуми моҳи Сафар ин нури осмонӣ, ин инсони воло ва ин падари меҳрубон аз миёни мардум рафт ва онҳоро ғамгин ва доғдор кард. Рӯзи реҳлати Пайғамбар(с) ва қабл аз он, рӯзҳои бемории он ҳазрат, рӯзҳои сахте барои Мадина буд хусусан бо он хусусиёте, ки андаке қабл аз реҳлати Пайғамбар(с) пеш омад.
Пайғамбар(с) ба масҷид омаду рӯи минбар нишаст ва фармуданд: Ҳар кас ба гардани ман ҳаққе дорад, онро аз ман бигирад. Мардум гиря карданду гуфтанд: Ё Расулаллоҳ! Мо ба гардани ту ҳақ дошта бошем?! Фармуд: Расвоии пеши Худо сахттар аз расвоии пеши шумост. Агар ба гардани ман ҳаққе доред, агар аз ман талабе доред, биёед ва бигиред то ба рӯзи қиёмат наафтад. Бубинед чи ахлоқе! Кӣ ин суханро мегӯяд? Он инсони волое, ки ҳазрати Ҷабраил(а) аз ҳамнишинӣ ва ҳамсуҳбатии бо ӯ ифтихор мекунад, аммо дар айни ҳол бо мардум шухӣ намекунад, ҷиддӣ мегӯяд, то мабодо дар ҷое ба василаи ӯ, надониста ҳаққе аз касе зоеъ шуда бошад. Пайғамбар(с) ин матлабро ду-се бор такрор карданд. Як нафар баланд шуд ва арз кард: Ё Расулаллоҳ! Ман ба гардани ту ҳаққе дорам. Ту як вақт бо ноқа аз паҳлуям мегузаштӣ ва ман ҳам савор будам. Ноқаи ман наздики ту омад ва ту асоятро барои ҳаракат додани ноқа такон додӣ, вале асо ба шиками ман хурд ва инак ман талабкорам! Пайғамбар(с) пираҳанашро боло зад ва гуфт: Ҳамин ҳоло биё қисос кун ва нагузор ба қиёмат биафтад. Мардум ҳайратзада нигоҳ мекарданд ва мегуфтанд, ки оё ин мард воқеан мехоҳад қисос кунад? Оё дилаш мешавад? Диданд Пайғамбар(с) касеро фиристод то аз хона, ҳамон чубдастро биёваранд. Баъд фармуданд: Биё бигир ва бо ҳамин чуб ба шиками ман бизан. Он мард пеш омад. Мардум ҳама мабҳут, мутаҳайир ва шарманда аз ин ки накунад ин мард бихоҳад ин корро бикунад! Аммо як вақт диданд ӯ рӯи пои Пайғамбар(с) афтод ва шиками Пайғамбарро бусид. Гуфт: Ё Расулаллоҳ! Ман бо даст кашидан ба бадани ту, худамро аз оташи дӯзах наҷот медиҳам!
Парвардигоро, ба иззату ҷалолат, бартарин дурудҳо ва алтоф ва тафаззулоти худро аз имрӯз то абад бар рӯҳи мутаҳҳари Пайғамбари азизи мо бифирист. Парвардигоро, ӯро аз Ислому муслимин ва аз башарият ҷазои хайр иноят кун. Моро уммати ӯ ва равандаи роҳи мустақими ӯ қарор бидеҳ. Ҷомеаи моро шабеҳи ҷомеаи эшон кун. Ҳиммати пайравӣ аз ӯро ба ҳамаи мо иноят намо.