Вақте дар фатҳи Макка, Абӯсуфён махфиёна ва бо ҳимояти Аббос – амаки Пайғамбар(с) – ба лашкаргоҳи он ҳазрат омад то амон бигирад, субҳ дид, ки Пайғамбар(с) вузӯ мегирад ва мардум атрофи он ҳазрат ҷамъ шудаанд то қатароти оберо, ки аз сурату дасти эшон мечакад, барои табарук бигиранд! Гуфт: Ман Касро ва Қайсар – ин подшоҳони бузург ва муқтадири дунё –ро дидаам, аммо чунин иззатеро дар онҳо надидаам. Оре, иззати маънавӣ иззати воқеӣ аст; “وَلِلَّهِ الْعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِ وَلِلْمُؤْمِنِينَ” .
Муъминин ҳам агар он роҳро бираванд, иззат доранд.