muhammad 13

Ӯ даҳ сол ҳукумат караданд, аммо агар бихоҳем амалеро, ки дар ин даҳ сол анҷом гирифта, ба як маҷмӯаи пуркор бидиҳем то онро анҷом диҳанд, дар тайи сад сол ҳам наметавонанд он ҳама кор ва талошу хидматро анҷом диҳанд. Агар мо корҳои имрӯзамонро бо ончи, ки Пайғамбар(с) анҷом доданд, муқоиса кунем, онгоҳ мефаҳмем, ки Пайғамбар(с) чи кардааст. Идораи он ҳукумат ва эҷоди он ҷомеа ва эҷоди он улгу яке аз муъҷизоти Пайғамбар(с) аст. Мардум даҳ сол бо ӯ шабу рӯз зиндагӣ карданд, ба хонааш рафтанд ва ӯ ба хонаашон омад, дар масҷид бо ҳам буданд, дар роҳ бо ҳам рафтанд, бо ҳам мусофират карданд, бо ҳам хобиданд, бо ҳам гуруснагӣ кашиданд, бо ҳам шодӣ карданд. Мусобиқа мегузошт ва худашон ҳам дар он ширкат мекардандд. Он мардуме, ки даҳ сол зиндагӣ бо Ӯ карданд, рӯз ба рӯз муҳаббати Пайғамбар(с) ва эътиқод ба Ӯ дар дилҳояшон амиқтар ва бештар шуд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст