Инсон дорои ду чеҳраи зоҳирӣ ва ботинӣ аст. “Халқ” ҳамон сурати зоҳирист ва “хулқ” сурати дарунӣ ва ботинии инсон аст, ки ба он “сиришт” ва “сират” низ мегӯянд. Ахлоқ ҷамъи вожаи хулқ аст.
Варзиш, беҳдошт ва ғизои солим ҷисму чеҳраи моро шодоб ва зебо мекунад. Ахлоқи хуб ва некӯ низ чеҳраи ҷони моро зебо мекунад. Инсон дар тамоми корҳояш таҳти таъсири чеҳраи дарунии худ аст. Масалан: Агар инсони бахшанда ва мешрубон бо инсони фақире рӯ ба рӯ шавад бо кушодарӯӣ ба ӯ кӯмак мекунад, аммо агар шахси бадахлоқ ва хасис бо он инсони фақир рӯ ба рӯ шавад на танҳо ниёзашро бар намеоварад, балки ӯро бо бадахлоқӣ аз худ меронад ва дилашро мешиканад. Барои ҳамин касе, ки ахлоқи бад дорад бештар корҳоят написанд аст ва касе, ки хушахлоқ аст корҳояш писандида аст.
Дар Қуръон аз Паёмбарон (а) ва пайравонашон ёд шуда аст, ки бархе аҳли эмон буданд ва бархеи дигар аҳли эмон набуданд. Онҳое, ки аҳли эмон набуданд дар муқобили паёмбарон ва аҳли эмон мубориза мекарданд. Паёмбарон ва пайравони муъминашон дорои ахлоқи писандида ҳастанд ва дар муқобил беимонҳо дорои ахлоқи нописанд ва зишт ҳастанд. Чандто намуна:
1) Паёмбари Аъзам (с) меҳрубон “هُوَ الَّذِي يُصَلِّي عَلَيْكُمْ وَمَلَائِكَتُهُ .....وَكَانَ بِالْمُؤْمِنِينَ رَحِيماً” (сураи Аҳзоб, ояти 43), нармхӯ “فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ اللّهِ لِنتَ لَهُمْ” (сураи Оли Имрон, ояти 159), ва дорои ахлоқи бисёр хуб буд “فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ اللّهِ لِنتَ لَهُمْ” (сураи Қалам, ояти 4).
2) Ҳазрати Иброҳим (а) ҳақгаро “إِبْرَاهِيمَ حَنِيفاً” (сураи Наҳл, ояти 123), шукргузор “شَاكِراً لِّأَنْعُمِهِ” (сураи Наҳл, ояти 121), бурдбор (сабур) “إِنَّ إِبْرَاهِيمَ لأوَّاهٌ حَلِيمٌ” (сураи Тавба, ояти 114), ва вафодор ба паймон “وَإِبْرَاهِيمَ الَّذِي وَفَّى” (сураи Наҷм, ояти 37) буд.
3) Ҳазрати Ҳуд (а) хайрхоҳу амин буд. “أُبَلِّغُكُمْ رِسَالاتِ رَبِّي وَأَنَاْ لَكُمْ نَاصِحٌ أَمِينٌ” (сураи Аъроф, ояти 68)
4) Ҳазрати Аюб (а) бисёр сабрпеша буд. “إِنَّا وَجَدْنَاهُ صَابِراً نِعْمَ الْعَبْدُ إِنَّهُ أَوَّابٌ” (сураи Сод, ояти 44)
5) Ҳазрати Исо (а) аҳли некӣ ба модари худ буд. “وَبَرّاً بِوَالِدَتِي” (сураи Марям, ояти 32)
Дар тарафи дигар
1) Қавми Самуд паймоншикан ва саркаш буданд.
“قَالَ الْمَلأُ الَّذِينَ اسْتَكْبَرُواْ مِن قَوْمِهِ لِلَّذِينَ اسْتُضْعِفُواْ لِمَنْ آمَنَ مِنْهُمْ أَتَعْلَمُونَ أَنَّ صَالِحاً مُّرْسَلٌ مِّن رَّبِّهِ قَالُواْ إِنَّا بِمَا أُرْسِلَ بِهِ مُؤْمِنُونَ (75) قَالَ الَّذِينَ اسْتَكْبَرُواْ إِنَّا بِالَّذِيَ آمَنتُمْ بِهِ كَافِرُونَ (76) فَعَقَرُواْ النَّاقَةَ وَعَتَوْاْ عَنْ أَمْرِ رَبِّهِمْ وَقَالُواْ يَا صَالِحُ ائْتِنَا بِمَا تَعِدُنَا إِن كُنتَ مِنَ الْمُرْسَلِينَ”
(сураи Аъроф, ояти 74-77)
2) Қавми бани Исроил паймоншикан “وَمَكَرُواْ وَمَكَرَ اللّهُ وَاللّهُ خَيْرُ الْمَاكِرِينَ” (сураи Оли Имрон, ояти 54), фахрфурӯш, бахил ва гадосифат буданд.
“إِنَّ اللّهَ لاَ يُحِبُّ مَن كَانَ مُخْتَالاً فَخُوراً (36) الَّذِينَ يَبْخَلُونَ وَيَأْمُرُونَ النَّاسَ بِالْبُخْلِ وَيَكْتُمُونَ مَا آتَاهُمُ اللّهُ مِن فَضْلِهِ”
(сураи Нисо, ояти 36-37)
3) Фиръавн ситамгар “إِنَّ فِرْعَوْنَ عَلَا فِي الْأَرْضِ” (сураи Қасас, ояти 4) ва гарданкаш “فَاسْتَكْبَرُوا فِي الْأَرْضِ وَمَا كَانُوا سَابِقِينَ” (сураи Анкабут, ояти 39)
4) Қорун молҷаъмкун ва бахил буд ва чунон аз дороиҳои худ сармаст шуда буд, ки дӯст дошт онро намоиш диҳад.
“إِنَّ قَارُونَ كَانَ مِن قَوْمِ مُوسَى فَبَغَى عَلَيْهِمْ وَآتَيْنَاهُ مِنَ الْكُنُوزِ مَا إِنَّ مَفَاتِحَهُ لَتَنُوءُ بِالْعُصْبَةِ أُولِي الْقُوَّةِ إِذْ قَالَ لَهُ قَوْمُهُ لَا تَفْرَحْ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْفَرِحِينَ (76) وَابْتَغِ فِيمَا آتَاكَ اللَّهُ الدَّارَ الْآخِرَةَ وَلَا تَنسَ نَصِيبَكَ مِنَ الدُّنْيَا وَأَحْسِن كَمَا أَحْسَنَ اللَّهُ إِلَيْكَ وَلَا تَبْغِ الْفَسَادَ فِي الْأَرْضِ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْمُفْسِدِينَ (77) قَالَ إِنَّمَا أُوتِيتُهُ عَلَى عِلْمٍ عِندِي أَوَلَمْ يَعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ قَدْ أَهْلَكَ مِن قَبْلِهِ مِنَ القُرُونِ مَنْ هُوَ أَشَدُّ مِنْهُ قُوَّةً وَأَكْثَرُ جَمْعاً وَلَا يُسْأَلُ عَن ذُنُوبِهِمُ الْمُجْرِمُونَ (78) فَخَرَجَ عَلَى قَوْمِهِ فِي زِينَتِهِ قَالَ الَّذِينَ يُرِيدُونَ الْحَيَاةَ الدُّنيَا يَا لَيْتَ لَنَا مِثْلَ مَا أُوتِيَ قَارُونُ إِنَّهُ لَذُو حَظٍّ عَظِيمٍ”
(сураи Қасас, ояти 76-79)