Ҳазрати Пайғамбар(с) тазарруъи худашро натанҳо кам накарданд балки бешта карданд ва иртиботи худро бо Худо рӯз ба рӯз мустаҳкамтар карданд. Дар майдони ҷанг, вақте неруҳоро мураттаб мекард, ташвиқ ва таҳриз мекарданд худаш даст ба силоҳ мебурданд ва фармондеҳии қотеъ мекарданд ё онҳоро таълим медоданд, ки чи кор кунанд, рӯи зону меафтоданд ва дасташро пеши Худои Мутаол баланд мекарданд ва пеши мардум ашк мерехтанд ва бо Худо сухан мегуфтанд: “Парвардигоро! Ту ба мо кӯмак кун. Парвардигоро! Ту аз мо пуштибонӣ кун. Парвардигоро! Ту худат душманонатро дафъ кун”. На дуои ӯ сабаб мешуд, ки неруяшро ба кор нагиранд, на ба кор гирифтани неру сабаб мешуд, ки аз тавассул ва тазарруъ ва иртибот бо Худо ғофил бимонанд, балки ба ҳар ду таваҷҷӯҳи асоси доштанд. Ӯ ҳаргиз дар муқобили душмани кинатуз ва саркаш дучори тардид ва тарс нашуданд. Ҳазрати Алӣ(к), ки мазҳари шуҷоат аст, мегӯяд: Ҳар вақт дар ҷангҳо шароит сахт мешуд ва – ба таъбири имрӯзии мо – кам меовардем, ба Пайғамбар(с) паноҳ мебурдем. Ҳар вақт касе дар ҷойҳои сахт эҳсоси заъф мекард, ба Пайғамбар(с) паноҳ мебурд.