nabi 008

Пайғамбар(с) дар рафтори худ ҳакимона ва мудаббирона амал карданд ва суръати амал доштанд. Нагузошт дар ҳеҷ қазияе вақт бигзарад. Қаноат ва таҳорати шахсӣ доштанд ва ҳеҷ нуқтаи заъфе дар вуҷуди муборакаш набуд. Ӯ маъсум ва покиза буд ва ин худаш муҳимтарин омил дар асаргузорӣ буданд ва ҳастанд. Мо бояд ёд бигирем. Ман бояд ёд бигирам. Масъулон ва тамоми пайравонаш бояд ёд бигиранд. Асаргузорӣ бо амал ба маротиб фарогиртар ва амиқтар аз асаргузорӣ бо забон аст. Ӯ қотеият ва сароҳат доштанд. Пайғамбар(с) ҳеҷ вақт ду паҳлу ҳарф назаданд. Албатта вақте бо душман рубарӯ мешуданд, кори сиёсии дақиқ ва ҳисобшуда мекарданд.

Дар мавориди фаровоне Пайғамбар(с) душманро ғофилгир кардааст – чи аз лиҳози низомӣ, чи аз лиҳози сиёсӣ – аммо бо мӯъмин ва мардуми худ, ҳамеша сареҳ, шаффоф ва равшан ҳарф мезаданд ва махфикорӣ намекард ва дар мавориди лозим нармиш нишон медоданд; мисли қазияи Абдуллоҳ ибни Убай, ки моҷароҳои муфассале дорад. Ӯ ҳаргиз аҳду паймони худашро бо мардум ва бо гуруҳҳое, ки бо онҳо аҳду паймон баста буданд – ҳатто бо душманонаш, ҳатто бо куффори Макка– нашикастанд. Пайғамбар(с) аҳду паймони худро бо онҳо нақз накарданд, балки дигарон нақз карданд, Пайғамбар(с) посухи қотеъ доданд. Лизо ҳама медонистанд, ки вақте бо ин шахс қарордод бастанд, ба қарордоди ӯ мешавад комилан бовари ва эътимод кард. Ин яке аз суннатҳои Расули Мукаррами Ислом (с) аст.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст