nifoq 003

Агар Қуръон мефармояд: “الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ” инҳо мунофиқ нестанд. Албатта иддае аз мунофиқон ҳам ҷузви “الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ” ин гуруҳанд, аммо ҳар касе, ки дар дил беморӣ дорад ҷузви мунофиқон нест. Гоҳе касе муъмин аст, аммо дар дилаш мараз ҳаст. Ин мараз яъне чи? Яъне заъфҳои ахлоқӣ, шахсиятӣ, ҳавасронӣ ва майл ба худхоҳиҳои гуногун, ки агар пешашро нагирӣ ва худат бо онҳо мубориза накунӣ, имонро аз ту хоҳад гирифт ва туро аз дарун пук хоҳад кард. Вақте имонро аз ту гирифт, дили ту бе имон ва зоҳири ту бо имон аст. Он вақт исми чунин касе мунофиқ аст. Агар Худои накарда дили ману шумо аз имон холӣ шуд, дар ҳоле ки зоҳирамон, зоҳири имонӣ аст ва пойбандиҳо ва дилбастагиҳои эътиқодӣ ва имониро аз даст додем, аммо забони мо ҳамчунон ҳамон ҳарфҳои имониро мезанад, ки қаблан мезад, ин мешавад нифоқ. Ин ҳам хатарнок аст. Қуръон мефармояд: "ثُمَّ كَانَ عَاقِبَةَ الَّذِينَ أَسَاءُوا السُّوأَىٰ أَن كَذَّبُوا بِآيَاتِ اللَّهِ” ; касоне, ки кори бад карданд, бадтарин насибашон хоҳад шуд. Он бадтарин чист? Такзиби оёти Илоҳӣ. Дар ҷои дигар мефармояд: Касоне, ки ба ин вазифаи бузург – инфоқ дар роҳи Худо – амал накарданд, “فَأَعْقَبَهُمْ نِفَاقًا فِي قُلُوبِهِمْ إِلَىٰ يَوْمِ يَلْقَوْنَهُ بِمَا أَخْلَفُوا اللَّهَ مَا وَعَدُوهُ” чун бо Худо хилофи ваъда карданд, дар дилашон нифоқ ба вуҷуд омад. Хатари бузург барои ҷомеаи исломӣ ин аст. Ҳар ҷо ҳам, ки шумо дар таърих мебинед ҷомеаи исломӣ мунҳариф шудааст, аз инҷо мунҳариф шудааст. Мумкин аст душмани хориҷӣ биёяд саркуб кунад, шикаст диҳад ва тору мор кунад, аммо наметавонд нобуд кунад. Чун имон мемонад ва дар ҷое сар баланд мекунад ва сабз мешавад. Аммо онҷое, ки ин лашкари душмани дарунӣ ба инсон ҳамла кард ва даруни инсонро холӣ кард, роҳ мунҳариф хоҳад шуд. Ҳар ҷо инҳироф вуҷуд дорад, маншааш ин аст. Пайғамбар(с) бо ин душман ҳам мубориза кард.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст