nabi 07

Ва аммо душмани панҷум. Душмани панҷум иборат буд аз душмане, ки дар даруни ҳар мусулмон ва мӯъмин вуҷуд дошт. Хатарноктарин душмане, ки дар даруни мо ҳам вуҷуд дорад; тамоюлоти нафсонӣ, худхоҳиҳо, майл ба инҳироф(бероҳа), майл ба гумроҳӣ ва лағзишҳое, ки заминаи онро худи инсон фароҳам мекунад. Пайғамбар(с) бо ин душман ҳам сахт мубориза карданд, аммо мубориза бо ин душман ба василаи шамшер нест; ба василаи тарбият ва тазкия ва таълим ва ҳушдор додан аст. Лизо вақте мардум бо он ҳама заҳмат аз ҷангҳо баргаштанд, Пайғамбар(с) фармуд: “Шумо аз ҷиҳоди кучактар баргаштед, ҳоло машғули ҷиҳоди бузургтар шавед”. Ёрони ҳазрат бо тааҷуб пурсиданд: Аҷаб! Ё Расулаллоҳ! Ҷиҳоди бузургтар чист? Мо ин ҷиҳоди бо азамат ва заҳматро анҷом додем, магар бузургтар аз ин ҳам ҷиҳоде вуҷуд дорад? Фармуд: “Бале, ҷиҳод бо нафси худатон”.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст