Осонӣ

Вожаи осонӣ дар муқобили душвор ва сахтгирӣ аст. Дар низоми офариниш ва дар адёни осмонӣ ва ба вижа дар Ислом осонӣ ҷилваи хосе дорад. Дар оятҳои фаровоне аз Қуръон ба он пардохта шуда аст.

Осонии корҳо барои Худо

Тавоноӣ ва доноии Худованд бепоён аст. Ӯ бо чунин тавоноиву доноӣ бар ҳар коре, ки шуданист қудрат дорад. Офариниши замину осмон ва ончи дар он аст, намунае аз илму қудрати бекарони ӯст.

Инсон ҳарчанд истеъдод ва зарфияти болое дорад, илм ва тавоноияш дар ин дунё зиёд нест. Сохтани бинои маъмулӣ барояш душвор аст ва сохтмонҳое, ки инсон месозад кам-кам ва бо гузашти замон рӯ ба вайронӣ мераванд. Инсон он гоҳ, ки ба осмон ва ситорагону каҳкашонҳо менигарад, аз қудрати Парвардигор ҳайрат мекунанд, ки Ӯ чигуна тавониста аст, чунин маҷмӯаи боазаматеро биёфаринад ва онро милиардҳо сол нигоҳ дорад. Қуръон ба мо меомӯзад, ки доноӣ ва тавоноии худро бо Парвардигори ҷаҳон муқоиса накунем. Корҳои фаровоне ҳастанд, ки барои мо сахт ва ҳатто нашуданӣ ба назар меоянд, аммо барои Худованд осонанд. Дар оятҳое аз Қуръон осон будани корҳои бузӯрг барои Худованд ба рӯхи инсон кашида шуда аст, ки ба чанд намуна ишора мекунем:

  1. 1.Хилқати осмонҳову замин ва ончи дар он аст, барои Худованд ҳеҷ гуна хастагӣ надошта аст. (сураи Қоф, ояти 38)

وَلَقَدْخَلَقْنَاالسَّماواتِوَالْأَرْضَوَمابَيْنَهُمافيسِتَّةِأَيَّامٍوَمامَسَّنامِنْلُغُوب

  1. 2.Офариниши инсон ва тадбири марҳалаҳои гӯногуни зиндагии ҳар кас бар Худованд осон аст. (сураи Фотир, ояти 11)

وَاللَّهُ خَلَقَكُم مِّن تُرَابٍ ثُمَّ مِن نُّطْفَةٍ ثُمَّ جَعَلَكُمْ أَزْوَاجاً وَمَا تَحْمِلُ مِنْ أُنثَى وَلَا تَضَعُ إِلَّا بِعِلْمِهِ وَمَا يُعَمَّرُ مِن مُّعَمَّرٍ وَلَا يُنقَصُ مِنْ عُمُرِهِ إِلَّا فِي كِتَابٍ إِنَّ ذَلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرٌ

  1. 3.Иттилоъи комил аз ончи дар осмону замин аст, бар Худованд осон аст. (сураи Ҳаҷ, ояти 7)

وَأَنَّ السَّاعَةَ آتِيَةٌ لَّا رَيْبَ فِيهَا وَأَنَّ اللَّهَ يَبْعَثُ مَن فِي الْقُبُورِ

  1. 4.Қабл аз онки ҳар мусибате дар замин ва барои инсонҳо пеш ояд, Худованд аз он огоҳ аст ва ин огоҳӣ барои Ӯ осон аст. (сураи Ҳадид, ояти 22)

مَا أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٍ فِي الْأَرْضِ وَلَا فِي أَنفُسِكُمْ إِلَّا فِي كِتَابٍ مِّن قَبْلِ أَن نَّبْرَأَهَا إِنَّ ذَلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرٌ

  1. 5.Зинда кардани инсонҳо ва гирдоварии онҳо дар қиёмат барои Худованд осон аст. (сураи Қоф, ояти 44)

يَوْمَ تَشَقَّقُ الْأَرْضُ عَنْهُمْ سِراعاً ذلِكَ حَشْرٌ عَلَيْنا يَسير

  1. 6.Муҷозоти гуноҳкорон ва ситамгарон барои Худо осон аст. (сураи Нисо, ояти 30)

وَمَن يَفْعَلْ ذَلِكَ عُدْوَاناً وَظُلْماً فَسَوْفَ نُصْلِيهِ نَاراً وَكَانَ ذَلِكَ عَلَى اللّهِ يَسِيراً

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст