Nabi 007

Душмани чорум “мунофиқ” буд. Мунофиқон дар миёни мардум буданд. Касоне, ки ба забон, имон оварда буданд, аммо дар ботин имон надоштанд. Мунофиқон мардумони паст, муонид, тангназар ва омодаи ҳамкорӣ бо душман, вале созмоннаёфта буданд. Фарқи инҳо бо Яҳуд ин буд. Пайғамбар(с) бо душмани созмонёфтае, ки омода ва мунтазири ҳамла аст, то зарба бизанад, мисли бархурд бо Яҳуд рафтор мекунад ва ба онҳо амон намедиҳад, аммо душманеро, ки созмонёфта нест ва лаҷоҷатҳо ва душманиҳо ва хабосатҳои фардӣ дорад ва беимон аст, таҳаммул мекунад.

Абдуллоҳ ибни Убай яке аз сарсахттарин душманони Пайғамбар(с) буд. Тақрибан то соли охири зиндагии Пайғамбар(с) ин шахс зинда буд, аммо Пайғабар (с) бо ӯ рафтори баде накарданд. Дар айни ҳол, ки ҳама медонистанд ӯ мунофиқ аст, бо ӯ мумошот карданд , мисли бақияи мусулмонҳо бо ӯ рафтор карданд, саҳмашро аз байтулмол доданд, амнияташро ҳифз намуданд, ҳурматашро риоят карданд, бо ин ки онҳо ин ҳама бадрафтонрӣ ва хабосат мекарданд. Вақте ки ҷамъе аз ин мунофиқон корҳои созмонёфта карданд; яъне рафтанд марказе дуруст карданд ва бо хориҷ аз низоми исломӣ – бо касе мисли Абӯомири роҳиб дар минтақаи Рум – иртибот барқарор карданд ва муқаддимасозӣ карданд то аз Рум бар зидди Пайғамбар(с) лашкар бикашанд, Пайғамбар(с) ба суроғашон рафтанд ва масҷидеро, ки сохта буданд, вайрон карданд ва сӯзонданд. Фармуд, ки ин масҷид, масҷид нест. Ин ҷо маҳалли мубориза бар зидди масҷид, номи Худо ва мардум аст. Ё онҷо, ки як даста аз ҳамин мунофиқон, куфри худашонро зоҳир карданд ва аз Мадина рафтанд ва дар ҷое лашкаре дуруст карданд, Пайғамбар(с) бо онҳо мубориза кард ва фармуд, ки агар наздик биёянд, ба суроғашон меравем ва бо онҳо меҷангем, бо ин ки мунофиқон дар дохили Мадина ҳам буданд ва Пайғамбар(с) бо онҳо коре надошт. Бинобар ин бо дастаи севум бархурди созмонёфта қотеъ, аммо бо дастаи чаҳорум бархурди ҳамроҳ бо мулоимат доштоштанд, чунки инҳо созмонёфта набуданд ва хатарашон, хатари фардӣ буд. Пайғамбар(с) бо рафтори худ, ғолибан ҳам инҳоро хиҷолатзада мекарданд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст