Душмани севум яҳудиҳо буданд. Бегонагони номутмаинне, ки аз рӯи ночорӣ ҳозир шуданд бо ҳазрати Пайғамбар(с) дар Мадина зиндагӣ кунанд, аммо аз мавзеъгирӣ ва ихлолгарӣ ва тахриб даст намебардоштанд. Агар нигоҳ кунед, бахши муҳимме аз сураи Бақара ва баъзе аз сураҳои дигари Қуръон марбут мубориза ва ба бархурдифарҳангӣ ва сиёсии Пайғамбар(с) бо Яҳуд аст. Ба хотири расму русумҳое, ки доштанд бар зеҳнҳои мардуми сустимон таъсиризиёд мегузоштанд. Тавтеа мекарданд ва мардумро ноумед карда ва бо ҳам душман месохтанд. Инҳо душмани созмонёфтае буданд. Пайғамбар(с) то онҷое, ки мумкин буд, бо инҳо мудоро карданд, аммо вақте онҳо мудороро нафаҳмиданд ва мудоро фоида накард, онҳоро муҷозот карданд. Пайғамбар(с) яку якбора ва бе муқаддима ба суроғи инҳо нарафт. Ҳар кадом аз ин се қабила амале анҷом доданд ва Пайғамбар(с) тибқи он амал, онҳоро муҷозот карданд. Ҳар кадом хиёнате карданд, ки навъи хиёнат ва мазуъи хиёнатҳояшон муҳим ва дар ҷомеа таъсири манфияш ошкор будааст.
Аввали хоинон ва фитнагоарон Бани Қурайза буданд, ки ба Пайғамбар(с) хиёнат карданд. Пайғамбар(с) суроғашон рафт ва фармуданд, ки бояд аз онҷо биравед. Инҳоро куч дод ва онҳоро берун намуданд ва тамоми имконоташон барои мусулмонҳо ба ғанимат монд.
Дастаи дувум Бани Назир буданд, ки хиёнат карданд. Пайғамбар(с) фармуд, ки миқдоре аз васоилатонро бардоред ва биравед. Инҳо ҳам маҷбур шуданд ва рафтанд.
Дастаи севум яҳудиҳои Хайбар буданд, ки Пайғамбар(с) амон ва иҷоза дод то бимонанд. Бо инҳо паймон баст, то дар ҷанги Хандақ нагузоранд душман аз тарафи маҳаллаҳои онҳо вориди Мадина шавад, аммо инҳо ноҷавонмардӣ карданд ва бо душман паймон бастанд, то дар канори онҳо ба Пайғамбар(с) хиёнат кунанд! На фақат ба паймон бо Пайғамбар(с) пойдор намонданд, балки дар он ҳоле, ки Пайғамбар(с) қисмати қобили нуфузи Мадинаро хандақ канда буданд ва маҳаллаҳои инҳо дар тарафи дигаре буд, ки бояд монеъи душман мешуданд, бо душман гуфтугӯ карданд, то душман бо онҳо аз онҷо вориди Мадина шавад ва аз пушт ба Пайғамбар(с) ханҷар бизананд! Як моҳ тул кашид. Дар ин муддат инҳо хиёнат карданд. Пайғамбар(с) огоҳ шуд, ки чунин тасмим гирифтаанд. Бо тадбири бисёр ҳушёрона коре карданд ки аз шарр ва макри онҳо ҷомеаро халос кунанд. Яке аз он роҳкорҳои ҷангии сиёсии бисёр омӯзандаи ҳазрати Пайғамбар(с) ҳамин ҷо дар ин қазия буд. Яҳудиёнро зуд мутаваққиф кард, то натавонанд зарба ва зараре бар ҷомеаи сохташудаш бизананд. Вақте Қурайш ва ҳампаймононаш шикаст хурданд ва аз хандақ ҷудо шуда ба тарафи Макка рафтанд, Пайғамбар(с) ба Мадина баргашт. Ҳамон рӯз баъди намози пешин фармуд, ки намози асрро назди қалъаҳои Бани Қурайза мехонем. Ҳатто як шаб мӯҳлат надоданд, рафтанд ва онҳоро муҳосира карданд. Бисту панҷ рӯз байни инҳо муҳосира ва даргирӣ буд. Чун хиёнати бузурге дар муқобили Ислом ва муслимин карда буданд, бо дастури Пайғамбар(с) ҳамаи мардони ҷангии онҳо кушта шуданд. Пайғамбар(с) бо инҳо ингуна бархурди қотеъона карданд. Душмани яҳудро – умдатан дар қазияи Бани Қурайза, қаблаш ҳам дар қазияи Бани Назир, баъдаш ҳам дар қазияи яҳудиҳои Хайбар- ингуна бо тадбир ва қудрат ва пайгирӣ ва ҳамроҳ бо ахлоқи волои инсонӣ аз сари мусулмонҳо дафъ кард. Ҳатто душманони Ислом ҳам қабул доранд, ки Пайғамбар(с) дар ин қазоё ҳеҷ аҳдшиканӣ накардаанд, балки ин яҳудиҳо буданд, ки нақзи аҳд ва паймон карданд.