Охирин ҷанге, ки онҳо суроғи Пайғамбар Худо(с) омаданд, ҷанги бисёр муҳимми Хандақ буд. Душманони Расули Худо(сабр) ҳамаи неруҳо ва гурҳояшонро ҷамъ карданд ва аз дигар қабоил ҳам кӯмак гирифтанд ва гуфтанд, ки меравем Пайғамбар(с) ва дусад-сесад нафар аз ёро ва ҳаммаи наздикашро мекушем, Мадинаро ғорат мекунем ва осуда ва беташвиш бармегардем. Дигар асаре аз онҳо нахоҳем гузошт. Қабл аз онки онҳо ба Мадина бирасанд, Пайғамбари Акрам(с) аз тариқи ваҳӣ бохабар шуданд ва он хандақи маъруфро бо машварати ёронаш канданд. Як тарафи Мадина қобили нуфуз буд, лизо дар онҷо хандақе тақрибан ба арзи чиҳил метр канданд. Моҳи Рамазон буд. Тибқи баъзе ривоёт ҳаво бисёр сард буд. Он сол борандагӣ ҳам нашуда буд ва мардум даромаде надоштанд, лизо мушкилоти фаровоне вуҷуд дошт. Бештар аз ҳама Пайғамбар(с) кор карданд. Дар кандани хандақ ҳар ҷо хастаеро медид, ки наметавонад пеш биравад, мерафт кулангро аз ӯ мегирифт ва корро давом медоданд. Фақат баро дастур ҳузур надошт, балки бо руҳ ва ҷисми худ дар миёни ёронашон ҳузур дошт. Куффор то хандақ омаданд, аммо диданд наметавонанд, лизо шикасти сангин хурданд ва ноумеду ноком маҷбур шуданд баргарданд. Паёмбар(с) фармуданд: Тамом шуд, чун ин охирин ҳамлаи Қурайши Макка ба мо буд. Инак навбати мост, ки ба тарафи Макка ва ба суроғи онҳо биравем.