Nabi 004

Пайғамбар(с) бо нигоҳе бар ҷомеа навташкили худ, мебинад, ки панҷ душмани алсӣ ин ҷомеаи навзодро таҳдид мекунанд:

Душмани кӯчак ва кам аҳамият аз қабоили нимаваҳшии атрофи Мадина аст, бо ин ҳол набояд аз онҳо ғофил монд, чун мумкин аст хатари бузурге ба вуҷуд оваранд. Ба фосилаи даҳ-понздаҳ ва бист фарсах аз Мадина, қабилаҳои нимаваҳшие вуҷуд доранд, ки тамоми зиндагии онҳо иборат аз ҷангу хунрезӣ ва ғорат ва ба ҷони ҳам афтодан ва аз ҳамдигар ғорат кардан аст. Пайғамбар(с) агар бихоҳад дар Мадина низоми иҷтимоии солим, мутмаин ва ороме ба вуҷуд оварад, бояд ҳисоби инҳоро бикунад.

Пайғамбар(с) фикри инҳоро кард. Дар ҳар кадом аз онҳо агар нишонаи салоҳ ва ҳидоят буд, бо онҳо паймон баст. Аввал ҳам нагуфт, ки ҳатман биёед мусулмон шавед. Кофир ва мушрик буданд, аммо бо онҳо паймон баст то таарруз накунанд. Пайғамбар(с) бар аҳду паймони худаш бисёр пофишорӣ мекард ва пойдор буд. Онҳоеро, ки шарур буданд ва қобили эътимод набуданд, Пайғамбар(с) илоҷ кард. Ин сарияҳое, ки шунидаед Пайғамбар(с) панҷоҳ нафарро суроғи фалон ва ё бист нафарро суроғи фалон қабила фиристод, марбут ба инҳост. Касонеро, ки ахлоқ ва табиати онҳо оромпазир ва ҳидоятпазир ва салоҳпазир нест ва ҷуз бо хунрезӣ ва истифодаи аз қудрат наметавонанд зиндагӣ кунанд саркуб карда сари ҷои худашон нишонд.

Тамаркуз ва диққати бештар рӯи душмани аслӣ

Душмани дувум ашрофи мутакаббири Макка аст, ки марказият дорад. Дуруст аст, ки дар Макка ҳукумат ба маънои роиҷи худаш набуд, аммо як гуруҳи ашрофи мутакаббири қудратманди бонуфуз, бо ҳам бар Макка ҳукумат мекарданд. Инҳо бо ҳам ихтилоф доштанд, аммо дар муқобили ин мавлуди нав, бо якдигар ҳамдаст буданд. Пайғамбар(с) медонист, ки хатари муҳим аз ноҳияи онҳо аст ва ҳамин тавр ҳам шуд. Пайғамбар(с) эҳсос кард, ки агар бинишинад то онҳо суроғаш биёянд, яқинан онҳо фурсат хоҳанд ёфт, лизо суроғи онҳо рафт, вале ба тарафи Макка ҳаракат накард. Роҳи корвони онҳо аз наздики Мадина мегузашт. Пайғамбар(с) муқобилаашро шуруъ кард, ки ҷанги Бадр муҳимтарини он дар аввали кор буд. Онҳо ҳам бо таассуб ва пайгирӣ ва лаҷоҷат ба ҷанги Паёмбар(с) омаданд ва тақрибан чор-панҷ сол вазъ ингуна буд. Пайғамбар(с) онҳоро ба ҳоли худ раҳо намекард ва онҳо ҳам умедвор буданд, ки битавонанд низоми исломиро, ки аз он эҳсоси хатар мекарданд, решакан кунанд. Ҷанги Уҳуд ва ҷангҳои зиёди дигаре, ки иттифоқ афтод, дар ҳамин замина буд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст