Иқдоми баъдии бисёр муҳим ухувват ва бародарӣ буд. Ашрофигарӣ ва таассубҳои хурофӣ ва ғурури қабилаӣ ва ҷудоии қишрҳои мардум аз якдигар, муҳимтарин балои ҷавомеи мутаассиб ва ҷоҳили он рӯзи араб буд, ки бо ин иқдоми Пайғамбар(с) аз байн рафт. Байни раиси қабила бо одами бисёр поин ва миёна бародарӣ эҷод кард. Гуфт: Шумо ду нафар бо ҳам бародаред. Онҳо ҳам бо камоли майл ин бародариро қабул карданд. Ашроф ва бузургонро дар канори бардагони мусулмон ва озодшуда қарор дод ва бо ин кор, ҳамаи мавонеи ваҳдати иҷтимоиро аз байн бурд. Вақте мехостанд барои масҷид муаззин интихоб кунанд, хушсадоҳо, хушқиёфаҳо, шахсиятҳои барҷаста ва шинохташудаи зиёде буданд, аммо аз миёни ҳамаи инҳо Билоли Ҳабаширо интихоб кард. Зебоӣ, савту шарафи хонаводагӣ ва падару модарӣ дар миён набуд, балки фақат Ислому имон, мубориза дар роҳи Худо ва нишон додани фидокорӣ дар ин роҳ меъёр буд. Бубинед чи тавр арзишҳоро дар амал мушаххас кард. Беш аз ончи, ки сухани ӯ бихоҳад дар дилҳо асар бигузорад, амал ва сираи ӯ дар дилҳо асар гузошт.