Nabi 003

Баъд тадбир ва сиёсати идораи он низомро тарроҳӣ кард. Вақте инсон нигоҳ мекунад мебинад, ки қадам ба қадам мудаббирона ва ҳушёрона пеш рафтааст, мефаҳмад, ки пушти сари он азму тасмими қавӣ ва қотеъ, чи андеша ва муҳосибаи дақиқе қарор гирифтааст, ки ҷуз бо ваҳйи илоҳӣ мумкин нест. Имрӯз ҳам касоне, ки бихоҳанд авзоъи он даҳ солро қадам ба қадам дунбол кунанд, чизе намефаҳманд. Агар инсон ҳар воқеаеро ҷудогона ҳисоб кунад, чизе намефаҳмад. Пас бояд нигоҳ кунад ва бубинад тартиби кор чигуна аст. Читавр ҳамаи ин корҳоро мудаббирона, ҳушёрона ва бо муҳосибаи дуруст анҷом шудааст.

Вижагиҳои яҳудиҳои Мадина

Илова бар инҳо се қабилаи муҳимми яҳудӣ –Бани Қайнуқоъ, Бани Назир ва Бани Қурайза –дар қалъаҳои ихтисосии худашон, ки тақрибан ба Мадина часпида буд, зиндагӣ мекарданд. Омадани инҳо ба Мадина, ба сад-дусад сол пеш бармегашт ва далели омадани онҳо достони тулонӣ ва муфассале дорад.

Замоне ки Пайғамбари Акрам(с) вориди Мадина шуд, ин яҳудиҳо се хусусият доштанд:

1.       Сарвати аслии Мадина, яъне беҳтарин заминҳои кишоварзӣ, беҳтарин тиҷоратҳо ва саноеъи судбахш – сохти тиллоолот ва монанди он – дар ихтиёрашон буд. Бештари мардуми Мадина дар мавориди ниёз ба инҳо муроҷеа мекарданд, пул қарз мегирифтанд ва рибо мепардохтанд ва аз назари молӣ ба яҳудиён вобаста буданд.

2. Нисбат ба мардуми Мадина бартарии фарҳангӣ доштанд. Чун аҳли китоб буданд ва бо маорифи гуногуни динӣ ва масоиле, ки аз зеҳни нимаваҳшиҳои Мадина бисёр дур буд, ошно буданд, аз ин рӯ тасаллути фикрӣ доштанд. Ба забони имрӯз яҳудиҳо дар Мадина як табақаи равшанфикр ҳисоб мешуданд, аз ин рӯ мардуми онро таҳмиқ, таҳқир ва масхара мекарданд. Албатта онҷое, ки эҳсоси хатар мекарданд ва лозим буд, кучакӣ ҳам мекарданд, лекин ба таври табиӣ инҳо бартар буданд.

3. Бо ҷойҳои дурдаст ҳам робита доштанд ва маҳдуд ба фазои Мадина набуданд. Яҳудиҳо дар Мадина муҳим буданд, бинобар ин Пайғамбар(с) бояд ҳисоби инҳоро мекард. Пайғамбари Акрам(с) як аҳди дастаҷамъии умумӣ эҷод кард. Вақте он ҳазрат вориди Мадина шуд, бе ин ки ҳеҷ қарордоде бошад ва аз мардум чизе бихоҳад ва дар ин бора музокирае карда бошанд, равшан шуд, ки раҳбари ин ҷомеа ишон аст. Шахсият ва азамати набавӣ ба таври табиӣ ҳамаро дар муқобили ӯ хозеъ кард. Маълум шуд, ки ӯ раҳбар аст ва ончи мегӯяд, бояд ҳама дар меҳвараш ҳаракат ва иқдом кунанд. Пайғамбари Акрам(с) мисоқе навишт, ки мавриди қабули ҳама қарор гирифт. Ин мисоқ дар бораи таолии иҷтимоӣ, муомилот, мунозиот, дия, равобити Пайғамбар(с) бо мухолифон, бо яҳудиҳо ва бо ғайри мусулмонҳо буд. Ҳамаи инҳо навишта ва сабт шуд, ки муфассал ҳам ҳаст ва шояд ду-се саҳфаи китобҳои бузурги таърихҳои қадимиро гирифтааст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст