masjid 01

Канори хонаи Абӯайюби Ансорӣ як замини холӣ буд. Ҳазрати Паёмбар(с) пурсиданд: Ин замини кист? Гуфтанд: Аз ду бачаи ятим аст. Пулро аз кисаи худашон доданд ва заминро аз он ду хариданд. Баъд фармуданд, ки дар ин замин масҷид месозем. Яъне як маркази сиёсӣ, ибодӣ, иҷтимоӣ ва ҳукуматӣ ва маркази ҷамъомади мардум месозем. Ҷои марказӣ лозим буд. Шуруъ ба сохтани масҷид карданд. Замини масҷидро аз касе нахост ва талаби бахшандагӣ накард, балки онро бо пули худ харид. Бо ин ки он ду бача падару мудофеъ надоштанд, Паёмбар(с) мисли падар ва мудофеъи онҳо ҳаққашонро тамом ва камол риоят кард. Вақте қарор шуд масҷид бисозанд, худи Паёмбар (с) ҷузви аввалин касон ё аввалин касе буд, ки омад ва бел ба даст гирифту шуруъ ба кори сохтани масҷид карданд. Ин кор ташрифотӣ ва худнамои набуд, балки воқеан шуруъ ба кор карданд ва арақ рехтанд. Тавре кор кард, ки баъзе аз касоне, ки каноре нишаста буданд ва тамошо мекарданд гуфтанд, ки мо биншинем ва Пайғамбар(с) ингуна кор кунад? Пас мо ҳам меравем ва кор мекунем. Омаданд ва масҷидро дар муддати кутоҳе сохтанд. Пайғамбар(с) – раҳбари воло ва муқтадир – нишон дод, ки ҳеҷ ҳаққи хоссе барои худаш қоил нестанд. Агар қарор аст коре шавад, Ӯ ҳам бояд дар он саҳме дошта бошад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст