muhammad 13

Дар замони вуруди ҳазраташ ба шаҳри Ясриб, Абӯайюби Ансорӣ ва хонаводаи мустаманд ва фақираш омаданд ва васоили ҳамроҳи Пайғамбар(с)-ро бардоштанд ва дохил бурданд. Пайғамбар(с) ҳам ба унвони меҳмон ворид шуд ва ба аъёну ашроф ва мунтақидону бузургони қабила ва амсоли онҳо рад намуд ва мавзеи иҷтимоии худашро мушаххас кард. Маълум шуд, ки ба пул, ҳайсият, шарафи раёсати фалон қабила ва ба қавму хеш ва амсоли инҳо вобаста нест ва нахоҳад шуд. Аз ҳамон лаҳзаи аввал маълум кардад, ки дар бархурд ва таомули иҷтимоӣ, тарафи кадом гуруҳ ва тарафдори кадом ҷамъиятро бояд намуд ва вуҷуди Ӯ барои чи касоне бештар манфиат хоҳад дошт. Ҳама аз Пайғамбар(с) ва таолими ӯ нафъ мебаранд, аммо он кас, ки маҳрумтар аст, ҳатман ҳаққи бештаре мебарад ва бояд ҷуброни маҳрумияташ бишавад то ҷомеаҳо мутваҷҷеҳ шаванд, ки таълимоти дини навомада дар ҷомеаҳо баробари ва маҳрумиятзудоиро таълим медиҳад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст