Nabi 002

Аз аввали вуруд мавзеъгирии худро мушаххас кард. Шутуре, ки Пайғамбар(с) савор буд, вориди шаҳри Ясриб шуд ва мардум атрофи онро гирифтанд. Дар он замон шаҳри Мадина маҳалла-маҳалла буд ва ҳар маҳаллае хонаҳо, кӯчаҳо ва ҳисору бузургони худро дошт ва ба қабилае вобаста буд. Бархе қабилаҳо ба Авс ва баъзе дигар ба Хазраҷ вобаста буданд.

Вақте шутури Пайғамбар(с) вориди Ясриб шуд, пеши ҳар кадом аз қалъаҳои қабоил, ки расид, бузургон берун омаданд, ҷилави шутурро гирифтанд ва ба Пайғамбар(с) гуфтанд: Ё Расулаллоҳ! Биё инҷо. Хона, зиндагӣ, сарват ва роҳатии мо дар ихтиёри ту аст. Пайғамбар(с) фармуд: Ҷилави шутурро раҳо кунед. Ӯ дастурро иҷро мекунад. Пас бигузоред то биравад. Ҷилави шутурро боз карданд, то ба маҳаллаи баъдӣ расид. Боз бузургон, ашроф, пирамардон, шахсиятҳо ва ҷавонон омаданду ҷилави ноқаи Пайғамбар(с)-ро гирифтанд ва гуфтанд: Ё Расулаллоҳ, инҷо фуруд биё. Инҷо хонаи ту аст. Ҳарчи бихоҳӣ дар ихтиёрат мегузорем ва ҳамаи мо дар хидмати ту ҳастем. Фармуд: Канор биравед. Бигузоред шутур ба роҳаш идома диҳад. Шутур маҳалла ба маҳалла роҳ мерафт то ба маҳаллаи Бани Наҷҷор –ки модари Пайғамбар (с) аз ин хонавода аст– расид. Мардони Бани Наҷҷор тағоиҳои Пайғамбар(с) маҳсуб мешуданд. Лизо пеш омаданду гуфтанд: Ё Расулаллоҳ, мо хешованди туем. Ҳастии мо дар ихтиёри ту аст. Дар манзили мо фуруд биё. Фармуд: Не, канор биравед. Роҳро боз карданд. Шутур ба фақиртарин маҳаллаҳои Мадина омад ва дар ҷое нишаст. Ҳама нигоҳ карданд, то бинанд, ки хонаи кист. Диданд Абӯайюби Ансорӣ аз фақиртарин ё яке аз фақиртарин одамҳои Мадина аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст