Пайғамбар(с) вориди Мадина шуд, то ин низомро барпо, комил ва то абад дар таърих намуна кунад, то ҳар касе дар ҳар ҷои таърих – баъд аз замони худаш то қиёмат- тавонист, мисли онро ба вуҷуд оварад ва дар дилҳо шавқ эҷод кунад ва инсонҳо ба сӯи чунон ҷомеае бираванд. Албатта эҷоди чунин низоме ба пояҳои эътиқодӣ ва инсонӣ эҳтиёҷ дорад.
Пояҳои низоми исломӣ
- Андешаи дуруст
Аввал бояд ақоид ва андешаҳои дурусте вуҷуд дошта бошад, то низоми исломӣ бар пояи он афкор бино шавад. Пайғамбар(с) ин андешаҳо ва афкорро дар қолаби тавҳид, иззати инсон ва дигар маорифи исломӣ дар сездаҳ соли Макка табйин карда буд. Сипас дар тамоми лаҳазаҳо дар Мадина то дами марг, ҳамеша ин афкор ва маорифи баландро ба дигарон омӯзонд ва фаҳмонд.
- Неруҳои инсонӣ
Лозим аст, ки ин бино бар души инсонҳо қарор гирад, чунки низоми исломӣ ба фард вобаста нест. Пайғамбар(с) бисёре аз ин сутунҳоро дар Макка ба вуҷуд оварда ва омода карда буд. Ҷамъе аз саҳобаи бузургвори Пайғамбар(с) бо вуҷуди ихтилофи мартабае, ки доштанд маълул ва маҳсули талош ва муҷоҳидати даврони сахти сездаҳсолаи Макка буданд. Баъзе ҳам қабл аз ҳиҷрати Пайғамбар(с) дар Ясриб бо паёми Пайғамбар(с) мисли Саъд ибни Маоз ва Абӯайюб ва дигарон ба вуҷуд омада буданд.
Баъд ҳам ки Пайғамбар(с) омад, аз лаҳзаи вуруд инсонсозиро шуруъ кард ва рӯз ба рӯз мудирони лоиқ, инсонҳои бузург, шуҷоъ, богузашт, боимон, қавӣ ва бомаърифат ба унвони сутунҳои мустаҳками ин бинои арҷманд ва воло тарбият шуданд. Ҳиҷрати Пайғамбар(с) ба Мадина – ки пеш аз вуруди ҳазрат(с) ба ин шаҳр, Ясриб номида мешуд- баъд аз омадани ҳазрат “Мадинатуннабӣ” ном гирифт ва мисли насими хуши баҳорӣ буд, ки дар фазои ин шаҳр печид ва ҳама эҳсоси кушоиш карданд. Аз ин рӯ дилҳо огоҳ ва бедор шуд. Мардум вақте шуниданд, ки Паёмбар(с) вориди Қубо шудааст –минтақае наздики Мадина, ки ҳазрат понздаҳ рӯз дар онҷо монданд – шавқи дидани эшон рӯз ба рӯз дар дили мардуми Мадина бештар мешуд. Баъзе аз мардум ба Қубо мерафтанд ва Паёмбарро зиёрат мекарданд ва бармегаштанд. Иддае ҳам дар Мадина мунтазири омадани эшон буданд. Вақте Пайғамбар(с) вориди Мадина шуд, ин шавқу насими латифу мулоим ба туфоне дар дилҳои мардум табдил шуд ва дилҳоро дигаргун кард. Ногаҳон эҳсос карданд, ки ақоид, авотиф, вобастагиҳои қабоилӣ ва таассуботи онҳо дар чеҳра, рафтор ва сухани ин мард маҳв шудааст ва бо дарвозаи наве ба сӯи ҳақоиқи олами офариниш ва маорифи ахлоқӣ ошно шуданд. Ин туфон аввал дар дилҳо инқилоб эҷод кард ва баъд ба атрофи Мадина густариш ёфт ва сипас дижи табии Маккаро тасхир кард ва саранҷом ба роҳҳои дур қадам гузошт ва то аъмоқи ду императории бузурги он рӯз пеш рафт. Ҳар ҷо рафт дилҳоро такон дод ва дар даруни инсонҳо инқилоб ба вуҷуд овард. Мусулмонон дар садри Ислом бо неруи имон Эрон ва Румро фатҳ карданд. Миллатҳои мавриди ҳуҷум вақте инҳоро медиданд, дар дилҳояшон имон ба вуҷуд меомад. Шамшер барои ин буд, ки монеъҳо ва саркардаҳои зару зурро аз сари роҳ бардорад, вагарна мардум ҳама ҷо туфонро дарёфта буданд ва ду императори азими он рӯз –Рум ва Эрон– то аъмоқи худашон ҷузви низому кишвари исломӣ шуда буданд. Чи умри бобаракате!
Пайғамбар(с), ҳамин ки вориди Мадина шуд, корро шуруъ кард. Аз ҷумла шигифтиҳои зиндагии он ҳазрат ин аст, ки дар тули ин даҳ сол, як лаҳзаро беҳуда аз даст надод. Дида нашуд, ки Пайғамбар(с) аз фишондани нури маънавият, ҳидоят ва таълиму тарбият лаҳзае боз монад. Бедорӣ, хоб, масҷиду хона, майдони ҷанг, кӯчаву бозор, муоширати хонаводагӣ ва вуҷудаш – ҳар ҷо ки буд – дарс буд. Аҷаб баракате дар чунин умре вуҷуд дорад! Касе, ки ҳамаи таърихро мусаххари фикри худ кард ва бар он асар гузошт. Борҳо гуфтаам, ки мафоҳими бисёре мисли баробарӣ, бародарӣ, адолат ва мардумсолорӣ, ки қарнҳои баъд барои башарият муқаддас шуданд таҳти таъсири таълими ӯ буд. Дар таолими дигар адён чунин чизҳое ё вуҷуд надошт ва ё ба иҷро нарасида буд. Ин ҳама баракат дар ҳоле буд, ки фақат даҳ сол кори ҳукуматӣ ва сиёсӣ ва ҷамъӣ карда буд. Чи умри бобаракате!