hukmat nabawi

1.       Имон ва маънавият

Ангеза ва муҳаррики пешбарандаи ҳақиқӣ дар низоми набавӣ имоне аст, ки аз сарчашмаи дил ва фикри мардум меҷушад ва дасту бозу ва по ва вуҷуди онҳоро дар ҷиҳати дуруст ба ҳаракат медарорад. Пас шохиси аввал дамидану тақвияти рӯҳи имон ва маънавият ва эътиқоду андешаи дуруст ба афрод аст, ки Пайғамбар(с) инро аз Макка шуруъ кард ва дар Мадина парчамашро бо қудрат боло бурд.

2.       Қист ва адл

Асоси кор бар адолат ва қист ва расондани ҳар ҳаққе ба ҳақдор бе ҳеҷ мулоҳиза аст.

3.       Илм ва маърифат

Дар низоми набавӣ пояи ҳама чиз, донистан, шинохтан, огоҳӣ ва бедорӣ аст. Касеро кӯркӯрона ба самте ҳаракат намедиҳанд, балки мардумро бо огоҳӣ, маърифат ва қудрати ташхис, ба неруи фаъол- на мунфаил – табдил мекунанд.

4.       Сафо ва бародарӣ

Дар низоми набавӣ даргириҳое, ки ангезаҳои хурофӣ, шахсӣ, судталабӣ дорад мабғуз ва манфур аст ва бо он мубориза мешавад ва ба ҷои он фазои самимият, бародарӣ ва ҳамдилӣ ҳоким аст.

5.       Салоҳи ахлоқӣ ва рафторӣ

Инсонҳоро тазкия ва аз мафосид ва разоили ахлоқӣ, пироста ва пок мекунад. Инсони боахлоқ ва пок месозад.

وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ . Тазкия яке аз пояҳои аслӣ аст, ки Пайғамбар (с) рӯи якояки афрод, кори тарбиятӣ ва инсонсозӣ мекард.

6.       Иқтидор ва иззат

Ҷомеа ва низоми набавӣ, вобаста, дунболарав ва дасти ҳоҷат ба сӯи ину он дарозкун нест, балки азизу муқтадир ва тасмимгир аст. Баъд аз шинохти салоҳи худ барои таъмини он талош мекунад ва кори худро пеш мебарад.

7.       Кору ҳаракат ва пешрафти доимӣ

Таваққуф дар низоми набавӣ вуҷуд надорад, балки ҳамеша ҳаракат, кор ва пешрафт аст. Намешавад замоне бигӯянд, ки дигар тамом шуд. Ҳоло нишинем ва истироҳат кунем! Ин вуҷуд надорад. Албатта ин кор хастагиовар ва малулкунанда нест, балки лаззатовар, шодибахш нерузо ва бонишот аст.

Улгуи абадии низоми исломӣ

Пайғамбар(с) вориди Мадина шуд, то ин низомро барпо, комил ва то абад дар таърих намуна кунад, то ҳар касе дар ҳар ҷои таърих – баъд аз замони худаш то қиёмат- тавонист, мисли онро ба вуҷуд оварад ва дар дилҳо шавқ эҷод кунад ва инсонҳо ба сӯи чунон ҷомеае бираванд. Албатта эҷоди чунин низоме ба пояҳои эътиқодӣ ва инсонӣ эҳтиёҷ дорад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст