hukumat madina

Яке аз дурахшонтарин -ва газофа нест агар бигӯем дурахшонтарин - давраҳои ҳукумат дар тули таърихи башарӣ даврони даҳсолаи ҳокимияти Ислом дар Мадина аст. Бояд ин давраи кутоҳ ва пуркор ва фавқулода таъсиргузор дар таърихи башарро шинохт. Албатта ба бародарону хоҳарон –ба хусус ҷавонон- тавсия мекунам, ки ба таърихи зиндагии Пайғамбар(с) муроҷеа кунанд ва онро бихонанд ва фаро гиранд.

Мадина - давраи поярезӣ ва улгусозӣ

Давраи Мадина фасли дувуми даврони бисту се солаи рисолати Пайғамбар(с) аст. Сездаҳ сол дар Макка фасли аввал буд - ки муқаддимаи фасли дувум ҳисоб мешавад - ва тақрибан даҳ сол ҳам даврони Мадинаи Пайғамбар(с) аст, ки давраи поярезии низоми Ислом ва сохтани ҳокимияти намунаи Ислом барои ҳамаи замонҳо ва давронҳои таърихи инсон ва ҳамаи маконҳо аст. Албатта ин як улгуи комил аст ва мисли онро дигар дар ҳеҷ давроне суроғ надорем, лекин бо нигоҳ ба ин улгуи комил, мешавад меъёрҳоро шинохт. Афроди башар ва мусулмонҳо бояд бо ин меъёрҳо дар бораи низомҳо ва инсонҳо доварӣ кунанд.

Ҳадафи ҳиҷрати Пайғамбар (с) ба Мадина

Ҳадафи Пайғамбар(с) аз ҳиҷрат ба Мадина ин буд, ки бо муҳити золимона ва тоғутӣ ва фосиди сиёсӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки он рӯз дар сар то сари дунё ҳоким буд, мубориза кунад ва ҳадаф фақат муборизаи бо куффори Макка набуд, балки масъала, масъалаи ҷаҳонӣ буд. Пайғамбари Акрам(с) ин ҳадафро дунбол мекард, ки ҳар ҷо замина омода буд, базри андеша ва ақидаро бипошад, бо умеди ин ки дар замони мусоид сабз хоҳад шуд. Ҳадафаш расондани паёми озодӣ, бедорӣ ва хушбахтии инсон ба ҳамаи дилҳо буд. Ин ҷуз бо эҷоди як низоми намуна ва улгу имконпазир набуд. Аз ин рӯ Пайғамбар(с) ба Мадина омад, то ин низоми намунаро ба вуҷуд оварад. Ин ки дигарон чи қадар битавонанд онро идома диҳанд ва баъдиҳо чи қадар битавонанд худро ба он наздик кунанд, ба ҳиммати онҳо вобаста аст. Пайғамбар(с) намунаро месозад ва ба ҳамаи башарият ва таърих пешкаш мекунад.

Низоме, ки Пайғамбар(с) сохт меъёрҳои гуногуне дорад, ки дар байни онҳо ҳафт меъёр аз ҳама муҳимтар ва барҷастатар аст:

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст