Худованди Мутаол инсонро офарид ва ҳадаф аз офариниши инсонро ибодат муаррифӣ намуд ва ҳадаф аз ибодат ҳам ин аст, ки инсон худ ба саодати абадӣ  бирасад, зеро Худованд бениёз аз ибодати бандагонаш аст. Инсон замоне ба саодати абадӣ  ноил мегардад, ки дар баробари Худованд мутеи маҳз бошад ва аз корҳое, ки ҳазрати  Ҳақ аз он манъ намудааст, дурӣ кунад. Гуноҳ ба маънои “бизеҳ, нофармонӣ”[1] омадааст. Он чи ки аз маънои гуноҳ фаҳмида мешавад, ин аст, ки гуноҳ яъне хилофи дастуроти Ислом амал кардан. Инсон замоне ки амале анҷом диҳад, вале Ислом он амалро қабул надошта ва аз анҷоми он манъ карда бошад, ин амал гуноҳ маҳсуб мешавад. Худованд гоҳе дастури маҳкам ва қотеъ додааст, ки фалон амал анҷом нашавад ва аз банда набояд сар занад ва гоҳе дар манъи як амал дастури қотеъ  ва маҳкам нафармудааст, аз ин рӯ ба таъбири уламо гуноҳ ба ду даста тақсим мешавад: Гуноҳи кабира ва гуноҳи сағира. Худованд мефармояд “Ин таҷтанибу кабоира мо тунҳавна анҳу нукаффир анкум сайиотикум ва нудхилкум мудхалан кариман”.[2] Агар аз гуноҳони кабирае, ки аз он наҳй шудаед, парҳез кунед, гуноҳони сағираи шуморо аз шумо мезудоем ва шуморо ба ҷойгоҳи бузургворона ворид мекунем.

Дар Қуръон вожагони зиёде аст, ки ба маънои гуноҳ ба кор рафта аст, аз ҷумла: занб, маъсият, исм, ҷурм, ва... агар инсон ҷисми худро дар ихтиёри рӯҳаш қарор надиҳад ё ба иборати дигар рӯҳашро фармондеҳи бадан накунад, мумкин аст аз ҳар кадом аъзои баданаш гуноҳони мутааддиде сар бизанад, аз боби мисол гуноҳи чашм, гуноҳи забон, гуноҳи гуш ва...

Ҳамчуноне ки мутазаккир шудем, дар партави итоати зоти Ҳақ ва гуноҳ накардан аст, ки ба саодати абадӣ мерасад, ва ҳоло касе паноҳ бар Худо - муртакиби гуноҳ шавад, ҷазои онро мебинад, хоҳ дар ин дунё ва ё дар охират ва ё ба таъбири дигар ончи ки мусаллам ва қатъӣ аст, дидани ҷазои аъмол аст, хоҳ дар дунё бошад ва ё дар охират. Ҳамчунин инсон амали хайрро анҷом бидиҳад, қатъан савоби онро мебинад ё дар дунё ва ё дар охират ва ё ҳар ду. Худованд мефармояд: “Пас касе, ки заррае (кори) нек анҷом диҳад онро мебинад ва касе, ки заррае (кори) бад анҷом диҳад онро мебинад”. [3]

“Кирдори инсонӣ  хоҳ нек бошад ва бар дорои паёмад ва натиҷа, дар дунё  ва охират аст ва ҳамчун донае аст, ки дар мазрааҳои ҷаҳон кошта мешавад, агар донаи  гул буд, натиҷааш гул аст ва агар хор буд натиҷааш хор аст”.[4]

Саъдӣ мегӯяд:

Деҳқони солхурда чи хуш гуфт ба писар,

Эй нури чашми ман ба ҷуз кишта надаравӣ.

Хулоса он шуд, ки аъмоли инсон чи хуб бошад ва чи бад осор ва авоқиб дорад. Мо дар  ин навиштори  андак сарфи назар аз савоб ва осори аъмоли хайр, ба осор ва авоқиби гуноҳон мепардозем. Албатта ба дунболи ин нестем, ки яко яки гуноҳон чӣ осор ва авоқибе доранд, балки ба таври куллӣ осор ва авоқиби  гуноҳро мавриди барраси қарор медиҳем.

Осор ва авоқиби гуноҳ

Осор ва авоқиби гуноҳро метавон ба ду даста тақсим кард:

а). Осор ва авоқиби гуноҳоне,  ки ба шахси гунаҳкор бармегардад, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

1.Қасоват ва сангдилии қалб;

Қасовати қалб, малакае аст, ки инсон ба сабаби он аз дардҳои инсонҳои дигар мутаассир ва мутааллим намегардад.[5] Инсон барои анҷом додани гуноҳ қалбаш ончунон сангин ва сахтдил мегардад,  ки дигар ҳеҷ навъ тараҳҳуме дар он пайдо намешавад. Ҳазрати Алӣ(а) мефармояд »Ашки чашмҳо нахушкад, магар ба хотири қасоват ва сахтии дилҳо ва дилҳо сахт нашавад, магар ба хотири гуноҳони бисёр«[6] ҳамчунин дар Риёз-ус-солиҳин омадааст, ки Паёмбар(с) мефармояд: Сухан гуфтани зиёд қасовати қалбро дар пеш дорад ва аз сухан гуфтани зиёд парҳез кунед ва дуртарини инсон нисбат ба Худо касе аст, ки қалбаш сахт бошад.

2.Салби неъмат;

Инсон замоне ки мурткиби гуноҳ мешавад, Худованд он неъмате, ки ба ӯ додааст аз ӯ салб мекунад. Дар ривоят омадааст, ки: “ Худованд ҳукми қатъӣ фармуд,  ки  неъматро,  ки ба бандааш дода, аз ӯ нагирад, магар замоне ки банда гуноҳе анҷом диҳад, ки ба хотири он сазовори кайфар гардад”.[7]

3. Қабул нашудани дуо;

Инсони гунаҳкор дар  даргоҳи Худованд дуояш мавриди қабули Парвардигор воқеъ намешавад. Гуноҳ сабаб мешавад, ки тамоми дарҳои раҳмати Худо баста шавад. Дар дуъои ҳазрати Хизр(а) омадааст, ки ҳазрат ба Парвардигор арз мекунад:

“Аллоҳуммағфирли аззунубал лати таҳбисуд дуо”.[8] Худоё биёмӯрз бароям он гуноҳоне, ки сабаби манъи иҷобат шавад. Дар ин дуо ҳазрат ба Парвардигор арз мекунад, ки гуноҳоне, ки боис мешавад, дуои ман иҷобат нашавад, онро бибахш, аз ин рӯ баъзе аз гуноҳон аст, ки осор ва авоқиби он сабаб мешавад дуои инсон қабул нашавад.

Албатта анҷоми гуноҳ, осор ва авоқиби дигаре низ дорад, ки онҳоро ба таври феҳраствор зикр мекунем, ки иборатанд аз қатъи рӯзи, кӯтоҳи умр, вайронии хона, хашм ва лаънати илоҳӣ, пардадарӣ ва расвоӣ.

б). Осор ва авоқибе, ки на танҳо ба худаш, балки ба як миллат ва ё қавм бармегардад:

Дар қисмати аввал, осори гуноҳон ба худи шахс бармегашт ва домани худи гунаҳкорро  мегирифт ва инсони оқил чаро коре кунад, ки ба зарари хеш бошад. Аммо дар ин қисмат осор ва авоқиби гуноҳ,  на танҳо худи шахс, балки як миллат ва як қавмро гирифтор мекунад ва аз байн мебарад. Худованд мефармояд: “Ва анзално алал лазина заламу  риҷзам минас самои бимо кону яфсуқуна”[9]. - Бар ситамкорон ба хотири нофармонӣ азобе аз осмон фиристодем.  Агар дар ин оят каме диққат кунем, дида мешавад, ки калимаи “риҷзан” (азоб) ба сурати накира омадааст, ки далолат бар умум дорад, яъне ҳар навъ азоберо шомил мешавад. Аз ин рӯ ҳазрати Хизр(а) дуо мекунад, ки Парвардигоро, бибахш аз ман он гуноҳонеро, ки  сабаб мешавад бало нозил шавад. “Аллоҳуммағфир-ли-яз-зунуба-ал-латӣ тунзи-ул- бало”.[10]

Лизо гоҳе дида мешавад, ки селе меояд ва тамоми хонаҳои як русторо вайрон  мекунад ва ё зилзила мешавад ва тамоми хонаҳо ва корхонаҳои як русторо ба хок яксон мекунад, ки дигар имкони зиндагӣ дар онҷо нест. Гоҳе оташ аз замин меҷӯшад ва ҷангалҳои сарсабз ва сар ба фалак кашидаро ба хоку хокистар яксон мекунад. Ин ҳамон осор ва авоқиби гуноҳоне аст, ки аз як инсон ва ё чанд нафар сар зада, ки домангири ҳамагон шудааст.

“Ҳангоме ки миллатҳои ҷаҳон дар чунин масирҳо  қадам бардоранд ва аз қавонини мусаллами  офариниш мунҳариф гарданд, сармояҳои ҳастии худро яке пас аз дигаре аз даст хоҳанд дод ва саранҷом нобуд хоҳанд шуд.

Баррасии нобудии тамаддунҳое ҳамчун тамаддуни Бобул, фароинаи Миср, қавми Сабо, Калдониён, Ошуриён ва монанди онҳо ин ҳақиқатро нишон медаҳад, ки дар лаҳзаи фаро расидани фармони нобудӣ, ки барои авҷ гирифтани  фасод содир шуда буд, ҳатто соате натавонистанд пояҳои ларзони ҳукуматҳои хешро нигоҳ доранд”.[11]

Ҳабти амал:

Илова бар осор ва авоқибе, ки барои гуноҳ зикр шуд, як масъалаи дигар низ вуҷуд дорад ва он ин аст, ки гоҳе  мешавад инсон амали хайре анҷом медиҳад ва умедвор аст,  ки ин амал фардо рӯзи қиёмат дар номаи аъмолаш ба сабт расад, вале бехабар аз ин аст, ки пушти сари он, амали гуноҳе анҷом дода, ки он савоберо,  ки аз амали хайр ба даст оварда буд, аз байн бурдааст ва асаре аз он боқӣ  намондааст. Худованд мефармояд:

“Ва агар ширк варзанд, ончи ҳамвора анҷом медоданд, ҳатман аз эшон табоҳ мешавад” [12]. Амали нек замоне барои инсон фоида дорад ва дар номаи аъмоли у сабт мегардад, ки он шахс он амалро нигаҳ дорад ва пушти сари ӯ гуноҳе анҷом надиҳад, то ӯ аз байн биравад. Аз ин рӯ як гуноҳи инсон метавонад сад сола амали хайри инсонро аз байн бибарад. Табоҳ шудани амали хайри инсон бар асари як гуноҳ мисли ин мемонад, ки ронандаи як масири ҳазор километриро, нуҳсаду наваду нӯҳ километри онро паймуда бошад, вале дар як километри боқимонда бихобад. Ин ронанда ҳаргиз ба мақсад намерасад, магар ин ки он як километри боқимондаро муқовимат кунад ва нахобад.


Таҳияи Руҳуллоҳи Сайидӣ

ва Валӣ Атоуллоҳ

Тоҷикон


[1]- Луғатномаи Деҳхудо,  ҷ.42, саҳ.427, калимаи  гуноҳ.

[2]-«إِنْ تَجْتَنِبُوا كَبائِرَ ما تُنْهَوْنَ عَنْهُ نُكَفِّرْ عَنْكُمْ سَيِّئاتِكُمْ وَ نُدْخِلْكُمْ مُدْخَلاً كَريماً » Сураи Нисо, ояти 31.

[3]- «فَمَنْ يَعْمَلْ مِثْقالَ ذَرَّةٍ خَيْراً يَرَهُ*وَ مَنْ يَعْمَلْ مِثْقالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَه» Сураи Зулзилат, ояти 7- 8.

[4]- Муҳсини Қироатӣ, Гуноҳшиносӣ, саҳ.235.

[5]- Муллло Маҳди Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-Саодот, ҷ.1, саҳ. 508.

[6]- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яқуб, Кофӣ, ҷ.2, саҳ. 271.

[7]- Ҳамон, саҳ.273.

[8]- Сиддиқ  Ҳусейнӣ, Риёз-ул-обидин, саҳ.161, Дуо-ул-Хизр.

[9]- «َو أَنْزَلْنا عَلَى الَّذينَ ظَلَمُوا رِجْزاً مِنَ السَّماءِ بِما كانُوا يَفْسُقُونَ»Сураи Бақара, ояти  59.

[10]-Дуои Кумайл.

[11]- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, ҷ.6, саҳ.195.

[12]- «وَ لَوْ أَشْرَكُوا لَحَبِطَ عَنْهُمْ ما كانُوا يَعْمَلُونَ» Сураи Анъом, ояти 88.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст