Паёмбари муҳаббат ва меҳрварзӣ, охирин фиристодаи Худо ба сӯи ҷаҳониён, ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с), дар 28 сафар (баробар бо 8 июни соли 633 милодӣ) дори фониро тарк ва ба дори боқӣ шитофт. Ӯ, ҳам пайғомбари илоҳӣ аст ва ҳам ҳоким, ҳам муаллими ахлоқ аст ва ҳам сиёсатмадор, ҳам табиби қулуб аст ва ҳам муршиди уқул, ҳам ба охират таваҷҷӯҳ дорад ва ҳам ба дунё, ҳам ба фард нигоҳ мекунад ва ҳам ба ҷомеа…
Тавсияҳои иҷтимоии ӯ ҳама ҷомеъ ва фарогир ҳастанд; ҳам мардонро дарбар мегирад ва ҳам бонувонро, ҳам озодагон ва ҳам бардагонро, ҳам болиғон ва ҳам атфолро.
Иҷоза бидиҳед намунаҳое аз аҳдоси шарифи ҳазратро зикр намоям, то андаке аз ҷомеият ва ҳамаҷонибагии шахсияти он пешвои олимақом рух ҳувайдо кунад ва матолиби мо сирфи иддао набошад:
- Мефармуд: ду чизро аз дунёи шумо дӯст медорам: (эҳтиром ба) зан ва атрро, ва нури чашми ман дар намоз аст.
- Мефармуд: беҳтарини шумо хушрафтортарини шумо бо хонаводаи хеш аст, ва ман хушрафтортарини шумо бо онҳоям. Ҷуз каримон занонро такрим намекунанд, ва ҷуз инсонҳои паст ба занон иҳонат наменамоянд.(Мухтасари Торихи Димишқ, 7/50).
- Мефармуд: комилтарини мӯъминон аз назари имон, хушахлоқтарини онҳост.(Туҳафул-уқул, 47).
- Мефармуд: дар бахшиш миёни фарзандони духтар ва писар баробариро риоят кунед, ки агар мехостам якеро бар дигарӣ бартарӣ диҳам, духтарон буданд.(Ҷомеус-сағир, 2/282).
- Мефармуд: ҳамоно барои комил кардани арзишҳои ахлоқӣ фиристода шудаам.(Ҷомеул-аҳодис, 3/74).
- Мефармуд: ҳамоно барои таълим ва ёддиҳӣ мабъус шудаам.(Мунятул-мурид, 10).
- Мефармуд: аз зулм кардан бипарҳезед, ки дар рӯзи қиёмат сабаби зулумот ва торикиҳо мешавад.(Кофӣ, 2/332).
- Бар риояти ҳоли ҳамсоягон таъкид ва мефармуд: аз ҳар хона, 40 хонаи ҷилаву ақиб ва росту чап ҳамсоя ҳастанд.(Ҳамон, 2/669).
- Мефармуд: ҳаққи мусофир бар ҳамсафарон ин аст, ки агар бемор шуд, се рӯзро ба хотири ӯ таваққуф дошта бошанд.(Ҳамон, 2/670).
- Мефармуд: мудоро кардан бо мардум ниме аз имон аст ва мулоимат ва рифқ бо онон ниме аз хушии зиндагӣ мебошад.(Ҳамон, 2/117).
Ба назарам, ин чанд ҳадис то ҳудуде метавонад ҳамаҷонибагии рисолати он бузургворро барои хонандаи мӯҳтарам рӯшан кунад ва аз боби ояти шарифаи “Ва ӯ аз ҳавои нафс сухан намегӯяд. Нест ин (Қуръон) магар ваҳйе, ки ба ӯ фиристода мешавад”,(Сураи Наҷм, 3 ва 4). Агар қаринае дар миён набошад, ҳамаи фармоишҳои он ҳазрат (с)-ро бояд динӣ донист, на шахсӣ. Яъне дар ҳар мавриде, ки эшон матлабе бифармоянд ва ин эҳтимол биравад, ки оё динӣ аст ё шахсӣ (ва ҳар инсоне сӯҳбатҳои оддӣ ҳам дорад), тибқи қоидаи аввалия, мо фармоишҳои он ҳазрат (с)-ро динӣ талаққӣ мекунем.
Ба таъбири дигар, ҳар гоҳ ба сира ва суханони он ҳазрат (с) руҷӯъ бикунем ва шак кунем, ки оё ҳазрат (с) ин матлабро аз назари шахсияти ҳуқуқии худ (яъне паёмбарӣ) фармуданд, ё аз назари шахсияти ҳақиқии худ (ба унвони як инсон), қоидаи аввалия ин аст, ки матлаб аз ҷиҳати аввал (яъне аз ҷиҳати шахсияти ҳуқуқии эшон) содир шудааст, ва бар тибқи ояти мубораки “Ҳар ойина шуморо дар (хислатҳо ва равиши) Паёмбари Худо намуна ва сармашқи некӯ ва писандидае аст...”(Сураи Аҳзоб, 21). Афъоли он ҳазрат (с) ҳам то замоне ки қаринае дар миён набошад, барои ҳамаи замонҳо ва маконҳо улгу мебошад.
Яке аз матолиби муҳим дар баёнот ва низ сираи он паёмбари олимақом, масъалаи мудоро кардан бо мардум аст, ки дар ривояти охир ба он ишора шудааст. Дар ривояти дигаре аз он ҳазрат (с) мехонем: “Худоям маро ба мудоро кардан бо мардум фармон дода, ҳамон тавр ки ба анҷоми воҷибот маъмурам сохтааст.”(Кофӣ, 2/117).
Нақли достоне аз торихи ислом дар ин ҷо муфид аст:
“Марде аъроби вориди Мадина шуд ва яксара ба масҷид омад, то аз Паёмбари Худо (с) кӯмаки молӣ бихоҳад. Ҳангоме ки ворид шуд, Паёмбар (с) дар миёни асҳобаш нишаста буд. Ӯ ҳоҷаташро баён кард ва Паёмбар (с) ҳам чизе ба ӯ дод, вале он мард қонеъ нашуд ва онро кам шумурд, ва илова бар он, ба Паёмбари Худо (с) беадабӣ ҳам кард. Асҳоб ва ёрон сахт хашмгин шуданд ва чизе намонда буд, ки ба ӯ озор бирасонанд, аммо Паёмбари Худо (с) монеъ шуд.
Расули Худо (с) баъдан ӯро ба хонаи худ бурд ва миқдоре дигар ба ӯ кӯмак кард. Он мард изҳори ризоят ва ташаккур кард. Ҳазрат (с) фармуд: ту дирӯз сухани баде бар забон рондӣ, ки сабаби хашми ёрони ман шуд ва ман метарсам онон ба ту газанде бирасонанд. Оё мумкин аст ҳамин ташаккури имрӯзиро дар ҳузури онон ҳам анҷом диҳӣ, то хашми онҳо нисбат ба ту аз байн биравад?
Марди аъроби қабул кард, ва ин кор дар миёни мардум ба хубӣ анҷом шуд. Паёмбари Худо (с) ба ёрон фармуд: агар дирӯз ман шуморо озод гузошта будам, ҳатман ин аъробии бечора дар ҳоли куфр ва бутпарастӣ ба дасти шумо кушта шуда буд, вале ман худам бо нармӣ ва мулоимат ӯро ором ва ҳидоят кардам.”(Достони ростон, шаҳид Мутaҳҳарӣ).
Аз ин маворид дар торих фаровон аст.
Худои Мутаол ба ҳамаи мо тавфиқи пайравӣ аз Паёмбари азизамонро марҳамат бифармояд!