Тақрибан соат 11 шаби ҷумъа аст, ҳама корҳоямро анҷом додам… аммо намедонам чи кор кунам? Куҷо биравам? Дар хилват ихуд замоне, ки ҳама хешону дӯстонамро тарк кардам, бо худ меандешам ки акнун чӣ кунам? Дар як лаҳза фикр, анҷоми як гуноҳ ба сарам зад… дарҳо ва панҷараҳо бастам. Чароғҳоро хомуш кардам.Вақте, ки утоқ комилан торик шуд, ба гуноҳ гуфтам: зуд бош, биё! Ногоҳ садое ба гушам расид, ки мегуфт: вой ба ҳоли бандае, ки ҳар чи бар гуноҳаш афзуда шавад истиғфораш камтар ва ҳар андоза ба гур наздиктар шавад камкорӣ ва сустияш бештар мешавад! Эй касе, ки ҳамеша гуноҳ мекуни! Аз Худое, ки дар хилват ҳамроҳи туст шарм надори! Медонӣ, ки муҳлати хатопушӣ ва сатри гуноҳонат аз суи Парвардигор, комилан туро ғофил кардааст?

Бо ин садо каме ба худ омада ва эҳсоси тарс кардам ва оҳиста атрофамро назар кардам… ва бе ихтиёр гуфтам вой бар ман! Соҳиб садо кист? Чӣ кор кунам? Оё касе аз кори ман хабардор шудааст? Сипас чизеро дидам, ки ҳаргиз наметавонам онро васф кунам. Бо тарсу ларз аз ҷоям баланд шудам… чароғҳоро равшан кардам ва дар равшани чизи сиёҳеро мушоҳида кардам, ки ҳатто қодир ба васфаш нестам.

Пурсидам: ту кисти?

Гуфт: ман гуноҳи ту ҳастам!

Пурсидам: иллати омаданат ба ин ҷо, он ҳам дар ин вақти шаб чист?

Гуфт: омадам то туро насиҳат кунам, ҳарчанд насиҳати касе чун ман қобили пазириш нест, аммо ҳаққ он аст, ки душманон ба он иқрор кунанд.

Гуфтам: бифармо, чи мехоҳӣ бигӯӣ?

Гуфт: оё гумон мекуни, ки дар ин макон танҳои?

Гуфтам: манзурат чист?

Гуфт: ман туро дар вақти анҷоми гуноҳат чунон мутмаин ёфтам, ки хаёл мекуни аз ҳисоби Худованд парвое надори?

Бо асабоният гуфтам: ин ба ту рабте надорад, ман дуст надорам касе дар умури шахсии ман дахолат кунад.

Бо табассум гуфт: ман гуфтам, мехоҳам каме туро насиҳат кунам, аммо ба зоҳир дуст надори. Сипас таконе хурд то аз утоқ хориҷ шуд дар ҳоле, ки зери лаб мегуфт: барои он, ки аз халоиқ пинҳон шави ба пушти деворҳо паноҳ мебари, аммо бояд бидони ҳар ҷо боши Худо туро мебинад. Аз ин, ки туро бубинад метарси, аммо аз чашми Худованд хавф надори!

Дар гуфтаҳои ӯ андешидам ва мутаассир шудм.

Гуфтам: он чи суруди якбори дигар такоро кун! Ӯкаломашро такрор кард ва ман аз қасду нияте, ки доштам пушаймон шудам ва ба гуноҳ гуфтам: хоҳиш мекунам боз ҳам бигӯ!

Гуноҳ гуфт: аммо шарташ ин аст, ки он чи мехоҳам бигӯям, хуб гуш куни ва бар ману насиҳатам дуруштӣ накуни.

Гуфтам: марҳамат!

Гуноҳ: ман мебинам ту хеле аз вақтҳо барои анҷоми гуноҳ бо худ хилват мекуни ва ин сифати бад аст. Зеро сабаби қатъ шудани робитаи ту бо Худованди Мутаъол ва нобудии корҳои некат мешавад. Чуноне, ки Паёмбари Худо (с) мефармоянд:

Каломашро қатъ карда пурсидам: Паёмбари Худо (с) чӣ фармудааст?

Гуноҳ: Паёмбар (с) фармуд: бар ман аён шуд, ки дар рӯзи қиёмат қавмҳои зиёде аз уммати ман бо борҳои аз ҳасанот ба пешгоҳи Худованди Мутаъол хоҳанд омад. Борҳои ба монанди куҳҳои бузургу сафед, аммо ҳамаи он ҳасанотро Худованд мисли ғубор нобуд карда аз байн хоҳад бурд. Яке аз саҳобаҳо савол кард: эй Расули Худо (с) онҳоро барои мо васф кун то мо низ нохудогоҳ аз ҷумлаи онҳо нашавем!

Паёмбари Худо (с) фармуданд: онҳо аз бародарони шумо ва аз ҷинси шумо ҳастанд. Ва ҳамчун шумо шабҳо ба шабзиндадорӣ мепардозанд, аммо вақти бо маҳорими Худованди хилват мекунанд онҳоро ҳатк мекунанд ва дар хилват, муртакиби гуноҳ мешаванд.

Ҳарду сокит шудем. Сипас баъд аз лаҳзае гуфтам: ин ҳадис воқеъан баёнгари чизи хатарнок аст.

Гуноҳ: оре, алова бар он ки иртикоби гуноҳ, иртиботи туро бо Парвардигорат қатъ мекунад. Иртиботатро бо мардум низ мебарад.

Пурсидам: вале мардум, ки намедонанд ман муртакиби гуноҳ шудаам. Пас чигуна робитаашонро бо ман қатъ мекунанд?

Гуноҳ: иттифоқан ҳамин қазияро яке дигар аз саҳобаҳо аз Паёмбар (с) ҳикоят карда вамегӯяд: замоне, ки бандае гуноҳеро анҷом медиҳад, Худованди Мутаъол буғзу кинаро нисбат ба ӯ дар дили мардум меандозад, он ҳам ба тариқе, ки худи он фард аслан хабардор нашуда ва намефаҳмад.

Бинобарин эй бандаи Худо аз нафси худат огоҳ бош! Нафс ва орзуҳои худатро контрол намо. Дар роҳи ҷуз ризои Парвардигорат гом барнадор.

Гуфтам: албатта ман гарчи гуноҳ мекунам, вале ҳар чи ҳаст гуноҳони сағира ва кӯчак аст ва фикр намекунам ин гуноҳон таъсире дар номаи аъмолам дар рӯзи қиёмат дошта бошанд.

Гуфт: монанди он зани нодон набош, ки ҳар чи бофта буд раҷ ба раҷ боз мекард бо ин истидлол, ки боз кардани ин раҷҳои ночиз, таъсире дар кулли либос нахоҳад дошт. Ғофил аз ин, ки тамоми либос чизе ҷуз ҳамин раҷҳои бо ҳам бофта нестанд. Бале, ин дуруст аст, ки ман як гуноҳ бештар нестам, аммо инро ҳам хуб медонам, ки дар номаи аъмоли мардум дар рӯзи қиёмат чи таъсир зиёде дорам ва ба қавли маъруф мурча хеле беҳтар аз шутур медонад, ки дар хонааш чи ҳаст.

Гуфтам: ман то чи ҳадде ин матолибро дарк мекунам? Воқеъан, ки комилан дар ғафлати торикӣ қарор доштам. Ба Худо қасам фарефтаи дунё шуда будам.

Гуноҳ: эй бандаи Худо! Таконе бихур, ки ҳануз фурсат ҳаст, то гуноҳеро мехости анҷом диҳи ба як амали нек табдил куни. Чун ман гуноҳ ҳастам, ҳамон гуноҳе ки сабаби нобудии ту дар рӯзи қиёмат… мусаббиби буғзи бандагон нисбат ба ту дар дунё… боиси нобудии баракат аз аъмол… ва иллати асосии заъифии қувваи ҳофиза ва илми туст.

Бо аҷала пурсидам: иллати ҳамаи инҳо ту ҳасти?

Гуфт: алова бар инҳо анҷоми як гуноҳ, гуноҳи дигареро ба дунбол дорад. Ҳамчуноне, ки теъдоди аз гузаштагони солиҳ мегӯянд: яке аз подошҳои кори нек ин аст, ки кори неки дигареро ба дунболи худ дорад.

Гуфтам: ҳоло чӣ кор кунам? Дар ҳоле, ки чанд лаҳза пеш ба нияти анҷоми кори гуноҳ, дарҳо ва панҷараҳоро баста будам.

Гуноҳ: бандае, ки дар дил қасди анҷоми гуноҳ дошта бошад, вале онро ба хотири ризои Худо анҷом надиҳад савобе барои ӯ навишта хоҳад шуд. Худованди Мутаъол дар ҳадиси қудсӣ мефармояд:

<< وَمَنْ هَمَّ بِسَيِّئَةٍ فَلَمْ يَعْمَلْها كَتَبَهَا اللهُ عِنْدَهُ حَسَنَةً كَامِلَةً>>

Шахсе нияти анҷом додани гуноҳ дошта бошад, аммо барои тарс аз Аллоҳ шуда аз амали кардани он гуноҳ худдорӣ кард, дар номаи аъомал савоб навишта мешавад.

Бинобарин бандаи Худо тавба кун ва барои гуноҳонат аз Худованди меҳрубон талаби мағфират намо! Дарҳо ва панҷараҳоро бибанд, чароғи утоқатро хомуш кун вале инбор барои анҷоми ибодати Худованди мутаъол. Зеро таъсири гуноҳи пинҳониро ҳасанаи пинҳони аз байн мебарад.

Tojikon.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст