Тамоми мардуми дунё ҳангоми расидан ба якдигар барои изҳори муҳаббат ба ҳамдигар дуо доранд, ки гоҳе ба сурати лафзиву гуфторӣ аст ва гоҳе ба сурати амалию кирдорӣ. Ислом ба унвони зиндатарин ва иҷтимоитарин дин, саломро  беҳтарин ва пурмаънотарин ва зеботарин калима барои ин ибрози муҳаббат қарор додааст.

Салом кардан ба маънои эълони дӯстӣ ва тарки душманӣ аст ва дар ҳақиқат эъломи амният аз тарафи саломдиҳанда бар шахсе аст, ки ба вай салом мекунад.

Аз онҷо ки Ислом як дини иҷтимоӣ аст ва бар ҳифзи равобити иҷтимоии мусулмонон ба шаклҳои мухталиф таъкид дорад, саломро рози одоби муоширатии мусулмонон қарор додааст. Худованди Мутаол дар ин маврид мефармояд:

[1]«وَ إِذَا حُيِّيتُم بِتَحِيَّةٍ فَحَيُّوا بِأَحسَنِ مِنهَا أَو رُدُّوهَا»

“Чун ба шумо таҳияте гуфтанд бо таҳияти беҳтар аз он ё ҳамонанди он посух гӯед”.

Калимаи "таҳият" дар ин оят ба маънои дуо кардан  барои дигарон аст ва аз оятҳои дигар истифода мешавад, ки салом кардан яке аз мавориди равшани таҳият мебошад. Мисли ояти шарифаи;

«فَإِذَا دَخَلتُم بُيُوتًا فَسَلِّمُوا عَلي أَنفُسِكُم تَحِيّةً مِن عِندِ اللهِ مُبَارَكَةً طَيِّبَةً»[2]

Ҳангоме ки вориди хонае шудед, бар худатон, (яъне бар ҳамдинонатон) салом кунед, таҳияти муборак ва покиза аз ҷониби Худо”.

Дар ин оят салом ба унвони "таҳияти илоҳӣ", ки ҳам муборак аст ва ҳам покиза, муаррифӣ шудааст, зимнан метавон аз он истифода кард, ки маънои "саломун алайкум" дар асл "саломуллоҳи алайкум" аст. Яъне дуруди Парвардигор бар ту бод! Ёди Худо туро ба саломат бидорад ва дар амну амон бошӣ! Таҳияти биҳиштиён низ салом мебошад ва Худованди Мутаол дар ин бора чунин мефармояд:«تَحِيَّتُهُم فِيهَا سَلاَمٌ»[3] яъне таҳияти онҳо дар биҳишт салом аст.

Дар аҳодис таъкиди зиёде барои салом додан шудааст, то онҷое ки агар касе нисбат ба салом кардан беаҳамиятӣ кунад, мазаммат шудааст. Паёмбари Акрам (с) дар ин бора чунин мефармояд:

«مَن بَدَأَ بَالكَلاَمِ قَبلَ السَّلاَمِ فَلاَ تُجِيبُوهُ»[4]

“Касе, ки пеш аз салом ба сухан оғоз кунад, посухи ӯро надиҳед”.

Салом кардан мустаҳаб, вале ҷавоби он фарз аст, албатта ҷавоби салом дар сурате фарз аст, ки саломкунанда дар салом карданаш ҷиддӣ бошад ва  қасди шӯхӣ ва масхара кардан надошта бошад.

Ҷавоби саломро бояд беҳтар аз худи салом гуфт, ба унвони мисол; дар ҷавоби "салом" бояд бигӯем "саломун алайкум" агар касе гуфт "саломун алайкум" бояд дар ҷавобаш бигӯем "саломун алайкум ва раҳматуллоҳ".

Салом осори арзандае дорад аз ҷумла;

1). Салом сабаби иттиҳоди ҷомеаи исломӣ

"Салом" яке аз номҳои ҷалолаи Худованд аст. Дар Қуръон яке аз оятҳои карима ба ин мафҳум ишора дорад:

«هُوَ اللهُ الَّذِي لاَ إِلَهَ إِلاَّ هُوَ المَلِكُ القّدُّوسُ السَّلاَمُ»[5]

“Ӯст Худое аст, ки ғайр аз ӯ ҳеч маъбуде нест, Фармонраво, Поку муназзаҳ (ва) Саломатбахш (аст)”.

Мо ҳангоми дидор бо якдигар бо салом кардан  иртибот барқарор мекунем  ва Худованд хостааст, ки худаш сабаби иртиботи инсонҳо шавад. Оғози равобити иҷтимоии инсонҳо бояд бо ному ёди Худо барқарор гардад, то ин иртибот истимрор ва давом ёбад, зеро ҳар робитае, ки бо Худо набошад ба тафриқаву  ҷудоӣ хатм  хоҳад шуд. Пас дар ҷомеаи тавҳидӣ бояд тамоми равобит бар мабнои ягонагии Худо бошад ва барқарории иртибот бо зикри номи ҷалолаи Худованд парокандагии ҷомеаи исломиро ба ваҳдату якпорчагӣ табдил кунем. Салом дар фалсафа, яъне ҳаракат аз касрат ба сӯи ваҳдат.

2). Салом сабаби омурзиши гуноҳон ва бадиҳо аст

Паёмбари Акрам(с)дар ин бора мефармоянд:

إِنَّ مِن مُوجِبَاتِ المَغفِرَةِ بَذلُ السَّلاَمِ حُسنُ الکَلاَمِ»[6]

“Яъне аз ҷумлаи авомили омурзиши гуноҳон адои салом ва некӯ сухан гуфтан аст”.

3). Салом тавозуъро барои саломкунанда ба армуғон меоварад ва кибру худбартарбиниро аз байн мебарад

Паёмбари Гиромии Ислом(с) мефармояд:

«مِنَ التَّوَاضُعِ أَن تُسَلِّمَ عَلَی مَن لَقِیتَ»[7]

“Яъне аз нишонаҳои тавозуъ ин аст, ки бо ҳар касе  дидор кардӣ,  ба у салом кунӣ. Дар ҳадиси дигар мефармояд: Оғозкунандаи салом аз такаббур дур аст”.

4). Салом омили зиёдати кори нек ва зиёдати баракат

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд:

«سَلِّم عَلَی مَن لَقِیتَ یَزِیدُ اللهُ فِی حَسَناتِکَ وَ سَلِّم فِی بَیتِکَ یَزِیدُ اللهُ فِی بَِرَکاَتِکَ»[8].

“Бо ҳар касе, ки мулоқот кардӣ, ба ӯ салом кун, то Худованд бар корҳои неки ту бияфзояд ва бар аҳли хонаат салом кун, то Худованд бар баракати ту бияфзояд”.

5). Эҷоди муҳаббат ва тақвияти равобити отифӣ

Се чиз муҳаббати дӯстро холис мекунад. Вақте ӯро дидӣ, саломаш кунӣ,  дар маҷлис ҷои ӯро боз кунӣ ва ӯро ба беҳтарин номҳояш бихонӣ.[9]

Салом кардан одобе дорад аз он ҷумла:

- Ҳангоми салом кардан бо якдигар даст бидиҳед.

- Хурдтар ба бузургтар салом кунад.

- Нафароти камтар ба нафароти бештар салом кунанд.

- Савора ба пиёда салом кунад.

- Шахси дар ҳоли ҳаракат ба фарди истода салом кунад.

- Фарди истода ба фарди нишаста салом кунад.

- Мард ба зани ҷавон салом накунад.

- Ҳаргоҳ вориди хонае шудед, салом кунед ва агар дар хона касе набуд, бар худ салом кунед.

Таҳияи Эмомалӣ Алӣ


[1] - Сураи Нисо,  ояти 86.

[2] - Сураи Нур,  ояти  61.

[3] -Сураи Юнус,  ояти 10.

[4] - Хисол, 67.

[5] - Сураи Ҳашр, ояти 23.

[6] - Наҳҷ-ул-Фасоҳа, саҳ. 383.

[7] - Наҳҷ-ул-Фасоҳа, саҳ. 384.

[8] - Биҳор, "ҷ.69, ҳ 81.

[9] - Наҳҷ-ул-Фасоҳа, саҳ. 384.

Normal 0 false false false EN-US X-NONE AR-SA MicrosoftInternetExplorer4

Тоҷикон

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст