Мусиқи, ашъори ирфонӣ ва васвасаҳои шайтонӣ(2)
Шайтон, ки душмани берунии инсон аст ва аз берун ҳамла мекунад то замоне ки пойгоҳи дарунӣ надошта бошад ва чизе аз дарун ӯро ҳимоят накунад ҳаргиз дар инсон асар намегузорад. Шайтон кораш содир кардани заҳр ва ворид кардани он ба дарун, инсон аст. мисли инки касе бихоҳад шахсеро бо заҳр аз байн бибарад. Агар заҳрро дар киссаи ӯ бигузорад маълум аст, ки асар намекунад.
Агар заҳрро ба ӯ бихуронад ва ӯ қай кунад ва қабул накунад боз ҳам асар намекунад. Бояд дастгоҳи ҳозимааш заҳрро бипазирад ва онро ҷазб кунад ва пас аз ворид шудан ба хун асари зиёнбори худро бигузорад. Васвасаҳо низ инчунин аст. ҳавову ҳавас ва шаҳватрониҳои гуногун, ки бориктарин ва сабуктаринаш дар ҷавонҳо аст ва сангинтаринаш дар пиронсолон ба сурати “дустдори ҷоҳу мақом” дида мешавад нишонаи таъсири он заҳр(васвасаҳо) аст. Бузургон фармуданд: охирин марҳилае, ки бузургони сайру сулук метавонанд аз но наҷот пайдо кунанд “мақомхоҳӣ” аст яъне ҳамин бозиҳо дунёие, ки бисёре аз инсонҳо ба он гирифторанд.
Агар касе аз таъриф кардан ва лақабҳое, ки ба ӯ медиҳанд лаззат бибарад маълум мешавад заҳр дар даруни баданаш асар кардааст. Вале агар аз ин суханҳо лаззат набарад бояд шукргузор бошад, ки дастгоҳаш ин заҳрро қабул намекунад. Ҳазрати Алӣ(к) дар аҳдномае, ки ба Молики Аштар навишт, фармуд: Шайтон ҳамеша дар садади ҳамла кардан аст, аммо он вақте, ки аз ту таъриф мекунанд хатти оғозини Шайтон аст ва бояд эҳтиёт кард .
Агар касе обрӯи касеро бибарад шаб хобаш намебарад, чаро? Зеро ӯ аз дарунаш оташ гирифтааст на аз берун. Ӯ ҳар чи доруи хуб мехурад хобаш намебард. Ҳар чи бистари нарм фароҳам мекунад хобаш намебард. Як вақт инсон рӯи бистари нарм хобидааст ва як вақт ҳам ин бистар пур аз теғ аст ӯ ба ҳар паҳлу биғалтад теғ мехурад. Теғе, ки аз даруни инсон бармехезад бо доруи хоб бартараф намешавад.
Чи осояд ба ҳар паҳлу биғалтад
Касе к-аз хор созад ӯ ниҳоле[1].
Агар касе бистар таҳия кард ва ба ҷои пахта онро аз теғ пур кард ба ҳар паҳлӯ биғалтад теғ мехурад. Агар Худои накарда касе ҳасуд, якрав, бадхоҳ ва кинатуз буд ба ҳар паҳлу биғалтад теғ мехурад.
Пайғамбари акрам (с) фармуд: «Ҳеҷ, кас ба андозаи нафсатон душмани шумо нест». Магар душмани берунӣ чи мекунад? Ғайр аз ин ки хонаеро бисӯзонад ва одамеро бикушад кори дигаре наметавонад бикунаед. Дар ниҳоят ҳамаи инҳо дар доираи рӯҳ аст ва баъдаш ҳам инсон шаҳид ва роҳат аст.
Шаҳид, ки ҳаргиз осеб намебинад. Аллома Таботабоӣ (рҳ) мефармуд: Шаҳиде, ки дар майдони ҷанг тир мехурад ва дар хуни худ дасту по мезанад дигарон хиёл мекунанд ӯ ҷон меканад дар ҳоле, ки ӯ мисли одами гармозадае аст, ки дохили ҳавзи оби зулол шудааст. Агар ӯ метавонист гап бизанад мегуфт: Рӯҳу райҳон аст, ин ҷон кандан нест. Ҷон кандан яъне инсон аз дунё вориди олами Барзах шавад. Марг ҷобаҷои аз олами Дунё ба олами Барзах аст. Агар инсон бихоҳад аз дунё ба барзах мунтақил шавад бо сахтӣ ҳамроҳ аст, чаро? Барои инки аввалан ба ҳамаи масоили дунё дил баста аст. Дуюман марг иборат аз он аст, ки чизҳои мавриди алоқаро аз ӯ мегирад. Сеюман тааллуқ ва вобастагӣ мемонад ва чаҳоруман дарди фироқ шурӯъ мешавад. Чаро вақте одами нашаманд ба зиндон меояд дардаш шурӯъ мешвад? Касе, ки мемирад чунин аст, яъне аввалан ба чизҳои дунё вобаста аст. Дуюман ҳангоми марг ин чизҳоро аз ӯ мегиранд. Сеюман тааллуқ ва вобастагӣ мемонад. Чаҳоруман нигаҳдории тааллуқ бо набуди мутааллақ дардовар аст.
Беҳтар аст, ки инсон ба чизе дил бибандад, ки ӯро раҳо накунад ва ба чизе алоқаманд шавад, ки бо ӯ бимонад ва аз ӯ ҷудо нашавад. Ба ин сабаб ҳазрати Пайғамбар(с) аз тарафи Худованд пайғом овард, ки муҳимтарин музди рисолат ва пайғамбарии ман дустории «Аҳли байтам»аст яъне шумо дусти авлиё бошед ва вобастагиатон ба ин тараф бошад, ки инҳо на аз шумо гирифта мешавад ва на аз шумо ҷудо мешавад. Ҳам тааллуқ маҳфуз аст ва ҳам мутааллақ. Албатта вақте инсон зиндааст аз ин тааллуқ ва вобастагӣ чандон истифода намекунад, чун корҳо ва гирифториҳои дунёӣ ӯро саргарми худ месозад. Вақте мемирад он корҳо ва гирифториҳои аз байн мераванд ин вобастагии лаззатбор(яъне дустии Худо, Пайғамбар(с)ва аҳли байташ ва авлиёи Худо) инсоро ширинком мекунад ва фишори марг ва интиқол аз дунё ба барзахро аз миён мебард.
[1] - Ниҳол яъне бистар.
Оятуллоҳ Ҷаводи Омулӣ