Қуръони Ҳаким мефармояд: Эй касоне ки имон овардаед! (Мухолифат бо дастуроти илоҳӣ) парҳез кунед ва василае барои тақарруб ба ӯ биҷуед, ва дар роҳи ӯ ҷиҳод кунед бошад ки растгор шавед. Сураи Моида, ояти 35.

Асосан дунё муқаддимае ҷиҳати расидан ва тақарруб ба Худост ва дар он васоит ва василаҳое қарор дорад ки таҳаққуҳи ин ҳадафро тасреъ мебахшад.

Мафҳуми қурб ва тақаруб ба Худо

Бояд донист, ки чун тақарруби банда ба Худованди азза ва ҷалл ҳосил гардад ҳиҷобҳои нафсонии ӯ аз миён бардошта мешавад. Қурб ба Худо яъне бепарда будан. Тақарруб ба Худо яъне анҷом додани феъле ки мавҷиби рафъи ҳиҷоб шавад. Тамоми ибодоте ки анҷом медиҳем бояд ба нияти тақарруб ба сӯи ӯ буда бошад вагарна он ибодот ботил аст ва ба пашизе арзиш надорад, гарчи пайкараи амали дурушт ва чашмгир буда бошад. Қурб ба Худованд, қурби маони ва ё замони ва ё соири умури табии нест. Чаро ки Худованд маҳалле надорад то инсон бадон маҳалл наздик гардад. Ва дар замоне воқеъ намебошад то инсон бадон замон худро наздик намояд. Макону замон ва соири авориз ва ҷавҳоир, махлуқ ва офаридаи Худо ҳастанд ва дар мушти қудрати вай қарор доранд. Аммо миёни нафси инсон ва Худованд ҳиҷобҳоест, балки ҳафтод ҳазор ҳиҷоб аст. Ва ҳар амалеро ки иснон анҷом диҳад, хоҳ феъли тоат буда бошад хоҳ тарки маъсият, агар аз рӯи қасди қурбат ба нияти наздики ба вай бошад, як адад аз ҳиҷобҳо бар медорад яъне нафси инсон як марҳила ба Худованд наздиктар мешавад ва худро равшантар менигарад ва қасоват ва зулмати даруниашро камтар ва сабуктар эҳсос менамояд; то рафта рафта банда ҷамии ҳиҷобҳояш аз байн меравад ва миёни вай ва Худои вай ҳеҷ фосила ва буъди нафсони боқи ва барқарор намемонад.

Васоили тақарруб ба Худо

Ҳазрати Алӣ(к) дар хутбаи 110 Наҳҷулбалоға васоили тақарруб ба Худовандро ин тавр муаррифи фармуда аст: Имон ба Худо ва Паёмбар(с), ҷиҳод, намоз, закот, рӯза, ҳаҷ ва умра, силаи раҳим, садақаи пинҳони ва ошкор, некӯкори, ёди Худо, пайрави аз роҳу расми Паёмбар(с) ва амал ба Қуръон.

Беҳтарин василае, ки тавассул кунандагон ба Худованди Субҳон ва Таоло интихоб намудаад, имон ба ӯ ва ба фиристодаи ӯ ва ҷиҳод дар роҳи ӯст, зеро ҷиҳод дар роҳи Худо мақоми аълои ислом аст ва калимаи ихлос аст, ки мабнои фитрати асли инсон бар он аст ва бар по доштани намоз аст, ки асли дин аст ва пардохти закот аст ки фаризаи воҷиб аст ва рӯзаи моҳи Рамазон ки сипаре аз азоб аст ва ҳаҷҷи Байтуллоҳ ва умра дар он ки фақрро аз байн мебрад ва гуноҳро мешуяд ва силаи раҳим молро афзоиш медиҳад ва аҷаллро ба таъхир меандозад ва сдаақаи пинҳони ки каффораи гуноҳон аст ва садақаи ошкор ки марги зишт ва сахтрро дафъ менамояд ва анҷоми корҳои некӯ ки аз суқутҳои паст пешгири мекунад, дар зикри Худованди ҳаракат кунед ки беҳтарин зикр аст ва алоқа пайдо кунед ба ончи ки Худованд муттақинро ваъда фармуда аст, зеро ваъдаи Худованди росттарин ва ваъдаҳо аст ва иқтидо кунед ба ҳидояти паёмбарон, зеро бартарини ҳидоятҳо аст ва бипазиред суннати паёмбаратонро зеро ҳидояткунандатарини суннатҳо аст.

Акнун ба чанд намуна аз васоили тақарруб ба Худо:

Имон ба Худо

Бояд дид мақсуд аз зиндаги чист? Аар мақсуд аз зиндаги фақат ҳаракат ва эҳсоси табии ба василаи аъзои ҳосса ва хостанҳои ноши барои ашбоъи ғароизи табии ҳайвони асту бас, на танҳо имон барои чунин зиндаги марди ниёз нест, балки музоҳим ва мухилли он низ маҳсуб мешавад. Аз инҷо аст, ки ашхосе ки мегуянд: Инсонҳо метавонанд бидуни имон зиндаги кунанд! Инсон ва зиндагии ӯродар мартабае аз ҳайвоният, пас дар назар мегиранд ки шоистаги дарк ва пазириши имонро надорад. Пешниҳоди имон ба чунин ашхос, монанди пешниҳоди андешаи неруманд барои як бемори равони аст ки андеша барои ӯ сабаби заҳмат ва расидани фаври ба пучи аст. Ва агар мақсуд аз зиндаги, иборат аст аз зинадги бо ҳамаи абъод ва истеъдодҳои инсони, муҳол аст, ки бидуни имон аз чунин зиндаги бурхурдор гашт. Барои инсоне, ки имон ба мавзуе надорад, таваққуъи андеша ва амал бар мабнои қонун дар бораи он мавҳзуъ, ҳамон миқдори мантиқи аст, ки таваққуъи ҳаракоти муназзам ва мантиқи мубтани бар виҷдони огони як ҳайвони беандеша ва безеҳн!!

Ҷиҳод дар роҳи Худо

Аз Расули Худо(с) ҳадис аст, ки фармуд: Биҳишт, даре дорад ки номи он “бобул муҷоҳидин” мебошад, ба тарафи дар ҳаракат карда дар ҳоле ки дар боз шавад, муҷоҳидон шамшер ба худ овехта мардум дар маҳшар, фариштагони Худо дурудгуён ба истиқболоашон мешитобанд, пас ҳар кас ҷиҳодро тарк кунад Худованд ҷомаи хори ва зиллат бар андоми ӯ бипушонад ва ӯро дар тули зиндаги ниёзманд ва тиҳилдаст мегардонад ва дини ӯро аз миён бардорад (бедин аз дунё меравад), чаро ки Худованд уммати маро (ба хотири ) суми аспон ва ҷойгони найзаҳои онон, азиз ва сарфароз медорад.

Намоз

Имом Козим(а) фармуданд: Беҳтарин чизе ки банда баъд аз шинохти Худо ба василаи он бадаргоҳи илоҳӣ тақарруб пайдо мекунад намоз аст.

Закот

Имом Содиқ(а) фармуданд: Сангҳои зербанои ислом се чиз аст: Намоз, закот ва вилоят ки ҳеҷ як аз онҳо бидуни дигаре дуруст намешавад.

Рӯза

Паёмбари Ислом(с) фармуд: Рӯза гирифтан, сипаре аст дар баробари офатҳои дуняви, ҳиҷобе аст дар баробари азобҳои ухрави. Имом Содиқ(а) фармуд: Оё аз решаи ислом ва шохаи ислом ва қуллаи ислом бо хабарат созам? Он шахс гуфт бале: Имом Содиқ(а) гуфт: Решаи ислом намоз аст ва шохаи ислом закот аст ва қуллаи ислом ҷиҳод дар роҳи Худост. Имом Содиқ(а) гуфт: Оё аз дарҳои хайр, бо хабарат созам? Бидон ки рӯза сипари оташ аст.

Ҳаҷ

Дар дини ислом ҳеҷ ибодате монанди ҳаҷ, дорои он ҳама буъдҳои матбуъе ки ҳар як эҳсоси навъе аз таклифро ашбоъ менамояд, намебошад. Аз он ҷумла:

Таклифи моли аст ки мусалламан барои амали ҳаҷ вуҷуд дорад. Инсон бо адои ин таклиф аст, ки ба марҳилаи озоди иртибот бо мол ва маноли дунё марсад ва дар роҳи анҷоми таклиф даст аз он бар медорад.

Лаббайк яъне иҷоба мекунам даъвати туро эй Худои ман, ки агар ин калима воқеан аз дил барояд, қатъи аст ки даъват аз Худо ҳам воқеан мутаваҷҷеҳи он банда гашта аст. Оё касоне ки мавриди даъвати Худованди қарор гирифтаанд шарафе болотар аз ин суроғ доранд ки Худо ононро хоста аст ки дар пешгоҳи ӯ ҳозир шаванд ва ба шуҳуди азамат ва фуруғи ӯ ноил оянд? Вуқуф дар саҳрои Арафот ва ниёиш дар он, аз аъмоқи қалб ҳамроҳ бо ихлос ва сафо.

Ҳар сарв қад ки бар маҳу хур, ҳусн мефурухт

Чун ту даромади пайи кори дигар гирифт

Зин қиссаи ҳафт гунбади афлок пур садост

Кутаҳ назар бубин ки сухан мухтасар гирифт

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст