Ончи дар пеши рӯ доред қисмате аз ҳадисҳое аст, ки дар иртибот бо оёти шарифи Қуръони Карим баён шуда аст. Ин ҳадисҳо гузашта аз паёми мустақилле ки худ доранд, моро ба фаҳму дарки беҳтари маънои оят роҳнамои мекунанд.
Худованд дар Қуръони Карим дар ин замин дар сураи Бақара, ояти 74 чунин мефармояд:
ثُمَّ قَسَتْ قُلُوبُکُمْ مِنْ بَعْدِ ذلِکَ فَهِیَ کَالْحِجارَةِ أَوْ أَشَدُّ قَسْوَةً
“Сипас дилҳои шумо баъд аз он (муъҷиза ва таслим нашудан дар баробари он) сахт шуд ҳамчун санг ё сахттар.”
Омилҳои қасовати қалб(сангдили)
Расули Худо(с) фармуданд:
لَا تُکْثِرُوا الْکَلَامَ بِغَیْرِ ذِکْرِ اللَّهِ، فَإِنَّ کَثْرَةَ الْکَلَامِ بِغَیْرِ ذِکْرِ اللَّهِ قَسْوَةُ الْقَلْبِ، إِنَّ أَبْعَدَ النَّاسِ مِنَ اللَّهِ الْقَلْبُ الْقَاسِی
“Дар ғайри ёди Худо пургӯи накунед; зеро пургӯи дар ғайри ёди Худо, сангдили меоварада ва дуртарини мардум аз Худо ҳам шахси сангдил аст.”
Тавзеҳ:
Манзур аз зикру ёди Худо фақат зикрҳое монанди субҳоналлоҳ ва алҳамдулиллоҳ нест, балки ҳар сухане ки сабаби наздик шудан ба Худо шавад зикри Худост, монанди гуфтугу дар бораи аҳком ва маорифи дин.
Се мавриди дигар
Имом Содиқ(а) фармуд: Аз умуре ки Расули Худо(с) ба ҳазрати Алӣ(к) супориш кард ин буд:
ثَلَاثَةٌ یُقَسِّینَ الْقَلْبَ اسْتِمَاعُ اللَّهْوِ وَ طَلَبُ الصَّیْدِ وَ إِتْیَانُ بَابِ السُّلْطَان
“Се чиз, дилро сахт мегардонад: Шунидани суханони беҳуда, шикор кардан ва омаду шуд ба дарбори султон.”
Тавзеҳ:
Касе ки кори худро куштани ҳайвонот қарор диҳад ва пайваста машғули ин кор бошад, ба мурури замон тараҳҳум аз дилаш рафта ва сангдили ҷои онро мегирад.
Тарки ёди Худо
Имом Содиқ(а) фармуд: Худованд ба ҳазрати Мусо(а) ваҳй кард, ки эй Мусо!
لا تَفرَح بِکَثرَةِ المالِ و لا تَدَع ذِکری عَلی کُلِّ حالٍ؛ فَإِنَّ کَثرَةَ المالِ تُنسِی الذُّنوبَ و إنَّ تَرکَ ذِکری یُقسِی القُلوب
“Ба дороии бисёр, шодмон нашав ва дар ҳоле ки ҳасти даст аз ёди ман бар надор; зеро дороии бисёр, (зишти) гуноҳонро аз ёд мебарад ва тарки ман дилҳоро сахт мегардонад.”
Таваҷҷуҳ: Касон ки ғарқ дар сарватанд ва аъмоли ношоист ҳастанд, худро ба ҳеҷ унвон бад намедонанд ва низ касоне ки инсонҳои бегуноҳро мекушанд сангдил мешаванд.
Робитаи ашк ва қалб ва гуноҳ
Ҳазрати Алӣ(к) фармуд:
مَا جَفَّتِ الدُّمُوعُ إِلَّا لِقَسْوَةِ الْقُلُوبِ وَ مَا قَسَتِ الْقُلُوبُ إِلَّا لِکَثْرَةِ الذُّنُوب
“Ашкҳо нахушкид, магар ба сабаби сахтии дилҳо ва дилҳо сахт нашуд, магар ба сабаби касрати гуноҳ.”
Пас гуноҳи зиёд инсонро сангдил мекунад; даруни санг ҳам ки обе нест то аз чашмаи чашм биҷушад ва бар сурат фур ғалтад.
Саргарм шудан ба орзуҳои даст наёфтани
Алӣ ибни Исо аз имом нақл мекунад: Аз наҷвои Худованди Мутаол бо Мусо(а) ин буд:
یا موسی! لَا تُطَوِّلْ فِی الدُّنْیَا أَمَلَکَ فَیَقْسُوَ قَلْبُکَ وَ الْقَاسِی الْقَلْبِ مِنِّی بَعِیدٌ
“Эй Мусо! Дар дунё, орзуҳои дароз дар сар мапарварон ки дилат сахт мешавад ва сахтдил, аз ман дур аст.”
Тавзеҳ:
Доштани барнома дар зиндаги ва тарсими ҳадафҳои мукин ва қобили дастраси, на танҳо сарзанишшуда нест балки бисёр писандида аст.
Ончи дар ин гуна ҳадисҳо мазаммат шуда аст,орзуҳои даст наёфтани аст. Ин навъ орзуҳо ки дар воқеъ навъе хиёлпардохи аст, инсонро ба худ саргарм карда ва ӯро аз роҳи асли ва воқеи зиндаги ҷудо мекунад ва дар ниҳоят сабаб мешвад ки шахс аз ҳадафи асли зиндаги ки расиадн ба қурби илоҳӣ аст боз бимонад.
Ба назар мерасад як аз далелҳои ки Худо чунин касеро ба дур аз худ хонда аст ҳамин бошад. Худованд дар сураи Бақара, ояти 121 мефармояд:
الَّذینَ آتَیْناهُمُ الْکِتابَ یَتْلُونَهُ حَقَّ تِلاوَتِهِ أُولئِکَ یُۆْمِنُونَ بِه
“Касоне ки китоби (осмони) ба онон додаем, онро ба тавре ки шоистаи он аст мехонанд ононанд, ки ба он имон меоваранд.”
Тиловати китоб яъне пай дар пай қарор додан (хондани) ҳарфҳо ва калимаҳои он.
Ҳаққи тиловати касоне ки пайваста Қуръон мехонанд се дастаанд:
1.Гуруҳе тамоми исрорашон бар адои алфоз ва ҳуруф аз махориҷи он аст. Онҳо доиман дар фикри вақф ва васли ҳарфҳо ва кашидани мадданд ва камтарин аҳамияте ба муҳтава ва маъно намедиҳанд, то чи расад ба амал кардани он.
Қуръони Карим ин дастаро борбарони китоб мехонад.
2.Гуруҳи дигар, аз лафзҳо фаротар рафта ва дар маъноҳо диққат мекунанд ва дар резакориҳо ва нуктаҳои Қуръон меандешанд ва аз улуми он огоҳанд, аммо амал намекунанд.
3.Вале гуруҳи севвум ҳастанд, ки Қуръонро ба унвони як китоб амал ва як барномаи комили зиндаги пазируфтаанд.
Онон хондани алфоз ва андеша дар маъноҳо ва дарки мафоҳими ин китоби бузургро муқаддимае барои амал медонанд; аз ин рӯ ҳаргоҳ ки Қуръон мехонанд, руҳи тозае барои амал дар ҷисмашон дамида мешавад.
Қуръон ин дастаро муъминини ростин муаррифи карда ва Қуръон хонданашонро ҳаққи тиловат медонад.
Имом Содиқ(а) дар бораи ҳаққи тиловат фармуд:
إِنَّمَا تَدَبُّرُ آیَاتِهِ وَ الْعَمَلُ بِأَحْکَامِه
“Манзур аз ҳаққи тиловат, тадаббур дар оёти Қуръон ва амал ба аҳкоми он аст.”