Аз бузургтарин заруратҳои зиндагӣ, ниёз ба дӯсти бо дигарон аст. Дар ислом низ ба рафоқате, ки бар завобити дини пойбанд бошад, ба дидаи эҳтиром нигариста шуда ва дар бораи дӯсти ва интихоби дӯсти хуб, суфоришҳои фарвоне гардидад аст. Ҳазрати Алӣ(к) дар каломе мефармояд: “Ҳар кас дӯсте надорад, ҳамонанди инсоне аст, ки муҳимтарин аъзои худро аз даст дода аст.” Низ аз он ҳазрат аст ки: “Нотавонтарини мардум касе аст, ки натавонад дӯсте барои худ интихоб кунад ва натавонтар касе ки дӯстеро ки ба даст оварда, аз даст бидиҳад.”

Озмоиш пеш аз дӯстӣ

Бо таваҷҷуҳ ба таъсири фарвоне, ки дустон дар зиндаги инсон доранд, диққат дар интихоби онҳо, амри зарури ва лозим аст. Аз ин рӯ, пешвоёни дин, озмудани дустро пеш аз интихоб лозим донистаанд. Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: “Дар баргузидани дӯстон, омзоишро муқаддам бидор.” Низ мефармояд: “Касе ки пас аз озмоиши саҳеҳ, шахсеро барои дӯсти баргузинад, рафоқаташ пойдор ва дӯстиаш устувор хоҳад монд.” Ва низ фармуда аст: “Касе ки (дар озмоиш ҳисоб шуда) аз дӯсти худ, итминон ва истиқомат дар дин ва дурусти дар роҳу расми зиндаги бубинад, дигар набояд ба суханони ину он таваҷҷуҳ кунад.”

Дӯстиҳои хуб ва мондагор

Ангезаи интихоби дӯст, робитаи мустақиме бо муддати дӯсти дорад. Ҳаргоҳ ду нафар барои Худо ва хидмат ба якдигар дасти дӯсти ба ҳам диҳанд, рӯз ба рӯз дусти онҳо тақвият мешавад ва устувори бештаре меёбад, вале замоне ки афрод фақат манофеи шахси ва модди худашонро дар назар бигиранд, пайванди дӯстиашон бо якдигар суст ва нопойдор мегардад. Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: “Дуст, касе аст ки туро бо ҷонаш нигаҳ дорад ва бар молу фарзандону хонадонаш баргузинад.” Ва низ мефармояд: “Рафиқ, хуб нест, магар касе ки дар мавоқеи тиҳидасти ва дар ғиёб ва ҳатто пас аз марг низ дӯсти худро ёри ва асрори ӯро ҳифз кунад.”

Оинае ба номи дӯст

Оина, ҳам хубиҳоро нишон медиҳад ва ҳам бадиҳоро; он ҳам ба ҳамон андозаи воқеиаш, не майдатар ва не бузургтар. Дӯсти хуб низ ҳамвора нуқоти қувват ва заъфи инсонро бозгу мекунад, то қувватҳоро тақвият ва костиҳоро аз миён бардорад ва ба ин сурат, масири рушд ва камолро бипаймояд.

Бидуни шак дӯсте, ки хатои дусташро ба ӯ тазаккур надиҳад ва ба роҳнамоиаш напардозад, ӯро аз гумроҳи боз надошта аст. Ҳамчунин, дусте ки нуқоти қувват ва хубиҳоро беш аз андоза бузург ҷилва диҳад, дусташро гирфитори худбини ва ғурур мекунад. Бар ин асос, бояд дар дӯсти бо чунин афроде таҷдиди назар кард. Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: “Дустдори ту, туро аз бади боз медорад.” Ва “ҳар кас айбҳои туро бар ту ошкор созад, дӯсти ту аст.” ва “ҳамвора дӯсти худро бо панду андарз насиҳат кун; чи хубо бошад ё бад.”

Бо инон дӯсти накунем?

Дӯсти ва дӯстёби, зарурати иҷтимои аст ва ба ҳамин далел, аҳдоф ва шароит низ дорад. Аз нигоҳи Наҳҷулбалоға наметавон бо ҳар кас дӯст шуд, касоне монанди ашрор, афроди паст, дунёталаб, дуруғгӯ, чоплус, бахил, фосид, айбҷӯ, суханчин, аҳмақ, нодон ва мунофиқ, шоистагии дӯстиро надоранд. Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд:

“Бо чоплус рафоқат накун, ки ӯ бо чарб забони, туро иғфол мекунад ва кори нодурустро дар назарат дуруст ҷилва медиҳад.”; “Аз дӯсти бо дуруғгу бипарҳез; зеро дуруғгу чун сароб аст, дурро наздик ва наздикро дур менамояд.”; “Аз дӯсти бо афроди фосид бипарҳез, ки бади ва зиштиашон ҳамешаги аст.”; “Аз дӯсти бо нодонон бипарҳез; зеро мехоҳад ба ту нафъе бирасонад, вале зиён мерасонад.”


Миёнарави дар дӯстӣ

Баъзеҳо вақте бо касе дӯст мешаванд, дар ҳамон рӯзҳои авал чунон ба ӯ эътимод мекунанд, ки ҳамаи асрори зиндагии хешро бо ӯ дар миён мегузоранд ва ҳеҷ маҳдудияте дар рафоқат намешиносанд; дар ҳоле ки агар рӯзи ин алоқаҳои лаҳзаи ва ифроти аз миён биарвад ва душмани ва ихтилофе байнашон иҷон шавад, зарбаҳои ҷуброн нопазире мутаваҷҷеҳи онҳо хоҳад шуд.

Ҳазрати Алӣ(к) дар каломи зебо мефармояд: “Дар рафоқат бо дӯсти худ андоза нигаҳдор, барои онки шояд рӯзе бо ту душман шавад; ва дар душмани бо душмани худ низ андоза нигаҳ дор, барои онки шояд ӯ низ рӯзе дӯсти ту гардад.”

Пандҳои дустона

Дар дини осмони ислом, асл бар ин аст ки муъминон якдигарро дуст бидоранд ва аз ҳар чи мавҷиби душмани аст, дури кунанд. Аз дидгоҳи Наҳҷулбалоға асос ва пояи дӯстиҳо, арзишҳои илоҳи ва маънави аст ва бо касе бояд дӯст шуд, ки диндор ва парҳезкор бошад ва омили рушд ва такомули руҳи ва маънави одами гардад ва ҳамвора ӯро ба тақво ва поки бихонад. Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: “Ҳеҷ меҳрубони ва дӯстие, ҳамчун дусти хуб ва пандгӯ нест.”

Парҳез аз рафторҳои ношоист

Пас аз интихоби дӯст, бояд дар нигаҳдори ва иртиботи носолим ва судманд бо ӯ кушид. Миёнарави дар иртибот, яке аз роҳҳои ҳифзи дӯсти аст, зеро рафту омадҳои бисёр аз мулоқотҳои беҳадду андоза, хастакунанда аст ва муҳаббатро аз миён мебарад. Инсон бояд ҳамвора муроқиб бошад дустони хуби худро бо рафторҳои ношоист, ҳамчун пархошгари, бадгӯӣ, фахрфуруши, дуруғгӯӣ, бевафои, бадахлоқи, ҳасодат, бухл ва ... аз даст надиҳад. Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: “Ба чашм овардан ва шарманда сохтани дӯст, муқаддимаи ҷудои аст.” ва “Дӯсти худро ба бевафои аз даст мадеҳ.” Ва “Ҳасодат ба дӯст, далели бемори ва ғайри воқеи будани дусти аст.” ва “Шахси гарданкаш, ёру дусти надорад.”

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст