Мусиқи, ашъори ирфонӣ ва васвасаҳои шайтонӣ(1)

Оё мусиқи ва ашъори ирфонӣ метавонад моро ба Худои Мутаол наздик кунад?

Инсон як бахши биниши илм дорад ва як бахши гароиш. Аз назари биниши илмӣ имкон дорад бисёре аз афрод тараққӣ кунанд яъне ин истеъдод дар мо ҳаст, ки битавонем хубу бадро бифаҳмем ва он бо дарсу баҳс бештар шукуфо мешавад, ки ин ба бинишу дониши мо марбут аст. Мо дар фаҳмидани баду хуб дар як марзи муштарак ҳастем яъне ҳам бадҳоро ба хубӣ ташхис медиҳем ва ҳам хубҳоро, аммо дар ҳавзаи гароиш ингуна нест, ки мо дар баробари баду хуб гароиши яксон дошта бошем яъне дар даруни мо гароиш ба баду хуб яксон нест. Пас биниши мо ба баду хуб яксон аст, аммо гароиши мо ингуна нест. Барои мисол мо ғизои хубу бад, судманду зиёнборро яксон ташхис медиҳем. Ташхиси мо дар бораи ҳар ду навъ яксон аст, аммо гароиши дастгоҳи ҳозима ба ҳар ду навъи ғизо яксон нест. Дастгоҳи ҳозима ғизои хубро ба роҳатӣ ҳазму ҷазб мекунад ва ғизои заҳролудро таҳаммул накарда бо дилбеҳузурӣ пас мезанад магар он, ки бо бадомӯзӣ ва тарбияти ғайри саҳеҳ касе худро ба ғизоҳои бад одат диҳад.

Ин падида дар рӯҳ ҳар мавҷуде ҳаст. Рӯҳи мо ахлоқи хубу бад, адлу зулм, амонату хиёнат ва сидқу кизбро яксон ташхис медиҳад, вале ба инҳо яксон гароиш надорад. Гароиши рӯҳ ба сӯи адл, амонат ва ростӣ аст. Ба ин сабаб вақте кӯдаке мехоҳад барои аввалин бор дурӯғ бигӯяд баданаш меларзад, вале ҳангоми рост гуфтан бо шуҷоат сухан мегӯяд.

Барои он, ки дастгоҳи бинишу дониши (ақли назарӣ) мо танзим шавад бояд роҳҳои бурҳонии ҳамчун: фалсафа, риёзӣ, ҳикмат, калом ва ирфонро бипаймоем ва барои он, ки бахши гароиши мо (ақли амалӣ) танзим шавад бояд суроғи корҳои амалӣ биравем.

Ақли амалӣ, ки кораш гароиш аст тамоми тасмимгириҳоро ба уҳда дорад ва корҳои ҳамчун: қасд, ирода, муҳаббат, ахлоқ, ният ва ғайраро идора мекунанд. Агар мо ин нафсро нармху кардем дигар гурезпо нест ва дар баробари фатвоҳои ақли назарӣ фатво мегирад. Вале агар ин нафс худсар шуд аз маркази фарҳангии худ, ки ақли назарӣ ва дониш аст талаби фатво намекунад. Аз ин рӯ маҷмӯъаи худ, ки шаҳват ва ғазаб аст назар мехоҳад ва бар асоси майли онҳо амал мекунад. Он вақт дигар ақли амали идоракунанда нест, балки идоракунанда шайтанатҳои нафс аст. Барои он, ки ин нафсро нарм кунем роҳҳои фаровоне вуҷуд дорад. Яке аз ин роҳҳо ҳамон аст, ки дар дуои шарифи “Кумайл”(ки аз ҳазрати Алӣ«к») омадааст :

و سلاحه البکاء

силоҳи берунии мӯъмин дар баробари душман оҳан аст ва силоҳи даруниаш оҳу нола ва гиряву ашк аст.

Бинобарин агар ботини мӯъмин ба силоҳи ашку нола мусаллаҳ бошад дар муқобили хостҳои нафсонӣ ҳамчун: ғазаб ва шаҳват меистад ва аз онҳо пайравӣ намекунад. Вале агар мусаллаҳ набошад таслим мешавад ва тибқи майли хашму шаҳват тасмим мегирад. Гӯрӯҳе мегӯянд: “Ман ҳар кор бихоҳам анҷом медиҳам ва ба касе коре надорам”. Ин ба он маъно аст, ки инсон аз маркази фарҳангии рӯҳ пайравӣ намекунад ва дар пайи таъмини хостаҳои шаҳвату ғазаб аст. Мусиқӣ ва хонандагӣ метавонад бар ақли амалӣ (идоракунии рӯҳ) асар бигузорад. Он, ки бо дуо ва муноҷоту гиря ва оҳу нола сару кор дорад ақли амалиаш нармху мешавад; аз ақли назарӣ пайравӣ мекунад ва бар хилофи ризои Худо ҳеҷ, коре анҷом намедиҳад. Хондан ва гуфтани шеър ё насрҳои дилпазир дар нармии ақли амалӣ бисёр муассир аст. Мо бояд талош кунем аз навохтан ба хондани ашъор роҳ пайдо кунем, чун дар навохтан гоҳе нармиш ва ашки дурӯғин пайдо мешавад. Ҳамонгуна, ки хандаи росту дурӯғ дорем, гиряи росту дурӯғ низ вуҷуд дорад.

Гоҳе ҳазли адабии нозуке гуфта мешавад ва инсон механдад, ин хандаи рост аст ва гоҳе қилқилак медиҳанд ва шахс механдад, ки ин ханда дурӯғ ва беарзиш аст. Гиря ҳам ингуна аст. Гоҳе инсон ба мазлумияти имом Ҳусайн (а) гиря мекунад ва гоҳе ҷанозаеро мебинад ва бидуни он, ки мурдаро бишносад дар назди мардум худро ба гиря мезанад. Ин ашк дурӯғ аст. Оҳангҳо мумкин аст чунин асаре дар пай дошта бошанд яъне ашку нармиши дурӯғе падид меоварад ва мо хиёл мекунем дар ақли амалии(рӯҳ) мо нармиш эҷод карда вале дар воқеъ чунин нест. Ин мушкили мусиқиҳои ба истилоҳ ирфонӣ аст. Дигар мусиқиҳо, ки ҳақиқатан асари вайронкунанда ва мухаддир доранд, сабаби нофармонии ақли амалӣ аз ақли назарӣ мешавад ва инсонро дар доми гуноҳ ва суқут меафканад.

Шодравон Илоҳии Қумшаӣ(мутарҷҷими Қуръони Карим) мегуфт: ман шеъре дар бораи наёзурдани мурча сурудаам, ки бархе онро аз шеъри ҷаноби Фирдавсӣ нозуктар медонанд, Фирдавсӣ фармудааст:

Маёзор муре, ки донакаш аст,

Ки ҷон дораду ҷони ширин хӯш аст.

Шодравон Илоҳии Қумшаӣ мефармояд:

Ҳар кас, ки дили дорад як мур наёзорад,

К-он мур ҳам аз дилбар дорад асаре бар дил.

Баъд фармуданд: Замоне ба шаҳри Хуросон рафта будам ва анҷумани адабии Хуросон наздам омаданд. Ман ду ғазал аз ғазалҳои худро ба онҳо тақдим кардам то доварӣ кунанд кадом ғазал ба даврони ҷавонии ман марбут аст ва кадом ба даврони пирӣ. Онҳо тамоман хато доварӣ карданд. Гуфтам: шумо тамоман нодуруст доварӣ кардед. Гуфтанд: пас чигуна шавқу ишқ дар сурудаи даврони пирии шумо бештараст. Гуфтам: бояд ҳамингуна бошад, шоир ҳар чи пиртар мешавад ошиқтар мегардад. Дар ҷавонӣ шуру ишқи хом дорад вақте  пир шуд, мефаҳмад маъшуқи ҳақиқиаш дигар будааст.

Ҳар чи инсон болатар меравад суханонаш ошиқонатару шурангезтар мешавад. Онгоҳ ҳамонтавре, ки навохтанро дар қадами аввал раҳо кард хонданро ҳам дар қадами дуюм раҳо мекунад. Хондан агар ғино набошад аз беҳтарини неъматҳо аст. Агар мехоҳед дар Биҳишт аз садои Довуд (а)-қории Биҳишт- баҳраманд шавед бояд аз гуши худ нигаҳдорӣ кунед то ҳар чизеро нашунавад. Дар қадами сеюм ба ҷое мерасед, ки ашъор ё матолиби ахлоқӣ- ирфониро мутолиа мекунед ашк аз дидагонатон ҷорӣ мешавад. Ин марҳила аз навохтан ва хондани бо садову овоз  бисёр болотар аст. Пас бояд коре кунем, ки худро аз васвасаҳои Шайтон наҷот диҳем. (давом дорад)

Тоҷикон

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст