Шахсе хидмати имом Содиқ(а) расид ва гуфт ояте дар Қуръон ҳаст ки ба он амал мекунам аммо ҷавобе намегирам.
Ҳазрат фармуд: Кадом оят? Шахсе арз кард: قاْلُ اللَّهِ عَزَّ وَ جَلَّ ادْعُونِي أَسْتَجِبْ لَكُمْ каломи Худо ки мефармояд бихонед маро то иҷобат кунам шуморо!
Ҳазрат фармуд оё Худо хулфи ваъда мекунад? Шахсе арз кард не!
Ҳазрат мефармояд агар касе Худоро итоат кунад ва аз роҳаш дуо кунад, дуояш мустаҷоб аст! Шахсе савол мекунад роҳи дуо кадом аст?
Ҳазрат дар ҷавоб мефармояд:
َبْدَأُ فَتَحْمَدُ اللَّهَ وَ تَذْكُرُ نِعَمَهُ عِنْدَكَ ثُمَّ تَشْكُرُهُ ثُمَّ تُصَلِّي عَلَى النَّبِيِّ ص ثُمَّ تَذْكُرُ ذُنُوبَكَ فَتُقِرُّ بِهَا ثُمَّ تَسْتَعِيذُ مِنْهَا
Оғоз кун бо ҳамду сипоси Худованд неъматҳое ки ба ту дода аст. Сипас шукри ин неъматҳоро ба ҷо биёвар.
Баъд аз он салавот ва дуруд бифирист бар Муҳаммад(с) ва оли ӯ.
Сипас гуноҳонатро ба хотир биёвар ва ба онҳо иқрор кун ва аз онҳо ба Худо паноҳ бибар ва баъд аз он дуо кун ки ин равиши дуост.