Издивоҷ тавсеяи муштараки ҳамаи бузургони ислом аст. Тавсеяе ки агар ба он амал шавад, метавонад тазминкунандаи хушбахтии дунё ва охират бошад.
Дар каломи имом Ризо(а) ҳам тавсеяҳое барои издивоҷ, интихоби ҳамсар ва издивоҷи исломи нақл шуда аст ки онҳоро баён хоҳем кард.
Издивоҷ кунед
Аз он ҳазрат(а) нақл шуда аст, ки фармуданд: Зане назди имом Боқир(а) расид ва гуфт: Мехоҳам барои расидан ба фазлу камол ҳаргиз издивоҷ накунам. Ҳазрат фармуд: Ин корро накун. Агар худдори аз издивоҷ, фазилат ва камоле дар бар дошт; Фотима(а) ба дарки ин фазилат аз ту шоисттатар буд. Дар ҳоле ки ҳеҷ кас дар фазилат ва камол бар ӯ пеши надорад. Имом Ризо(а) ҳамчунин фармуд: Марде назди имом Боқир(а) расид, ҳазрат фармуд: Издивоҷ кардаӣ? Мард гуфт: Не. Ҳазрат фармуд: Дунё ва ҳар ончи дар он астро дӯст надорам агар шабе бе ҳамсар ба сар кунам. Ду ракъат намозе ки фарди зандор мегузорад бартар аз амали безани аст, ки шаб зиндадори кунад ва рӯзҳо рӯзадор бошад. Имом Ризо(а) дар баёни дигар издивоҷи ба мавқеъро тавсея карда, мефармояд: Духтарон ҳамонанди меваи дарахт ҳастанд. Ҳаргоҳ меваи дарахт расид, чорае ҷуз чидани он нест ва агар чида нашавад, тобиши хуршед онро табоҳ месозад ва вазиши бод маззаи онро аз байн мебарад.
Интихоби ҳамсари шоиста
Имом Ризо(а) дар бораи шароити интихоби ҳамсар ва осони дар издивоҷ мефармоянд: اذا خطب الیک رجل رضیت دینه و خلقه فزوجه و لا یمنعک فقره.
“Ҳангоме ки марде аз шумо хостгори кард, ки аз дину ахлоқи ӯ рози будед ба издивоҷ бо ӯ ризоят диҳед. Ва мабодо фақри ӯ туро аз ин ризоят боз дорад.”
Ҳамин тавр аз ишон нақл шуда аст, ки фармуданд: Ҳаргоҳ хости издивоҷ куни аз Худованд талаби хайр кун ва дар пайи он бирав, сипас дур акъат намоз бихон ва дастҳояро боло бибар ва бигу:
أللهُمَّ إنی اُریدُ التزویجَ فسَهِّل لی مِنَ النساءِ أحسَنهُنَّ خَلقاً وَ خلقاً وَ أعَفهُنَّ فرجاً،وَ أحفظهُنَّ نفساً فِیَّ وَ فی مالی، وَ أکمَلهُنَّ جَمالاً، وَ أکثرَهُنَّ أولاداً
“Худовандо! Мехоҳам издивоҷ кунам, пас барои ман аз занон, некутарини онҳоро аз ҷиҳати нақшу нигор ва хулқу хуй ва покдомантарини онҳо ва муҳофизтарини онҳо дар бораи ману моли ман ва комилтарини онҳоро аз ҷиҳати зебои ва ҷамол ва фаровонтарин онҳо аз ҷиҳати овардани фарзанд фароҳам кун.”
Дар китоби Фуруи Кофи ҷилди ду ин ҳадис аз имом Ризо(а) нақл шуда аст ки:
ما افاد عبد فایده خیرا من زوجه صالحه اذا راها سرته و اذا غاب عنها حفظته فی نفسها و ماله
“Ҳеҷ фоидаи ба касе намерасад баҳтар аз ин ки барои ӯ зане бошад ки нигоҳ кардан ба ӯ ва мусоҳибат бо ӯ мавҷиби сурур ва шодмони ҳамсар бошад ва дар набуди шавҳар амонатдор ва ҳофизи ҳарими хеш ва дар хонавода ва амволи шавҳар бошад.”
Имом Ризо(а) мусулмононро аз васлат бо широбхурон манъ кардаанд ва фармудаанд: Дури кун аз инки духтари худро ба фарди шаробхоре бидиҳи, ки агар ӯро ба чунин табаҳкори шавҳар диҳи гуё он ки чунин фарди покдоманеро ба зино додаӣ.
Маҳрия ва аруси
Имом Ризо(а) пардохти маҳрияро аз вазоифи мард ва гирифтани онро аз ҳуқуқи зан медонанд ва мефармоянд:
ان الله تعالی غافرا کل ذنب الا من جحد مهرا او اغتصب أجیرا أجره او باع رجلا حرا
“Худованди Мутаол ҳар гуноҳеро мавриди мағфират ва омурзиш қарор медиҳад магар гуноҳи инкори маҳри зан ё ақиб адохтани дастмузд ё фуруши инсони озод.” Он ҳазрат ҳамчунин фармуданд: Ҳангоме ки издивоҷ мекуни, бикуш миқдори маҳрия аз меҳрус сана бештар нашавад, ки Расули Худо(с) бо ин миқдор маҳрия издивоҷ кард.
Дар ҳадисе аз имом Ризо(а) чунин нақл шуда аст ки мегуяд:
من سنته (رسول الله –ص-) التزویج باللیل، لان الله تعالى جعل اللیل سکنا و النساء انما هن سکن
“Маросими аруси дар шаб, суннати Паёмбар(с) аст, чаро ки Худованд шабро мояи оромиш қарор дода ва зан ҳам оромиши хотир аст.”
Боз дар ҳадиси дигаре чунин омада аст: مِنَ السُّنَّةِ إِطْعامُ الطَّعامِ عِنْدَ التَّزْویجِ
“Итъом ва меҳмони кардан барои издивоҷ аз суннат аст.”
Мавҳибати фарзандовари
Имом Ризо(а) фарзандовариро лозимаи идомаи зиндаги медонад ва мефармояд: Он касе ки аз худ фарзанде ба ҷо нагузорад мисли ин аст ки ҳаргиз миёни мардум назиста аст. Аммо он касе ки аз худ фарзанде ба ёдгор ниҳад, гуи намурда ва дар миёни мардум зинда аст. Имом Ризо(а) ҳамчунин фарзандро ҳадяе аз тарафи Худованд дониста ва мефармояд: Фарзанди одами ҳадяе аст барои ӯ.